Formula novemver 2024
Тоҷикдухтаре, ки соҳибони забони русиро мағлуб кард
496

Аз 29-уми июн то 1-уми июли соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ миёни мактаббачагон доир гардид, ки дар он 7 нафар хонандаи тоҷик иштирок намуданд.

Олимпиадаи мазкур дар Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В.Плеханов бо иштироки зиёда аз 150 нафар хонанда аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва берун аз он баргузор гардид.

“Ситора Пулодова, хонандаи Муассисаи хусусии “Дурахшандагон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин олимпиадаи сатҳи байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид ва бо медали тилло ба Ватан баргашт. Инчунин, толибаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе Абдуллоева Сабина сазовори ҷойи дуюм гардид”,-гуфт Яҳё Авазов, мудири бахши иттилооти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи “Оила”.

Ҳамзамон, Далер Бобоҷонов, хонандаи Мактаби байналмилалии президентӣ ва Мадина Юсупова, муҳассисилини Литсейи президентии шаҳри Турсунзода дар олимпиадаи мазкур фаъолона иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 25-уми июн дар шаҳри Лондони Британияи Кабир олимпиадаи байналмиллалии “Тиниҷл” аз фанни забони англисӣ доир шуд, ки дар он хонандагони тоҷик сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардида, бо медалҳои нуқраву биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД