arzon replenishment
Тоҷикдухтаре, ки дар 7-солагӣ оҳангсоз шуда, машҳур гашт
791


Оҳангсоз, пианинонавоз ва дирежёри ҷавон Ҷаннат Ҳусейнзода барандаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва барандаи стипендияи президентӣ мебошад.

Ин духтари ҷавону боистеъдод 6-августи соли 2005 ба дунё омадааст. Аввалин маротиба дар синни 5-солагӣ рӯйи саҳна баромада, туфайли истеъдоди баландаш дар фистевалҳои гуногун иштирок кардааст.

Ҳамин тавр волидонаш дилбохтаи санъату ҳунар будани Ҷаннатро дарк карда, тасмим гирифтанд ки ӯро ба мактаби мусиқӣ диҳанд. Ҷаннат ба мактаби мусиқии рақами 23-и шаҳри Тошканд дохил шуда, аз синни 7-солагӣ ба навиштани мусиқӣ ва роҳбарии оркестр ва дар синни 8-солагӣ ба дирежёри машғул мешавад.

Имрӯз бастакори ҷавон барои фортопеанно, най,скрипка ва оркестри симфонии калон асарҳо менависад.
Ҷаннат Ҳусейнзода зиёда аз 200 асари мусиқӣ дорад,ки бештари онҳо барои фортопеанно бо номи «Рақсҳои спартанӣ» навишта шудаанд. Тавре,ки худи Ҷаннат гуфтааст, вай аз касби интихоб кардааш пушаймон нест ва аз оҳангҳои офаридааш лаззат мебарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД