Formula novemver 2024
Тоҷикдухтар соҳиби медали тилло гашт
1084

Марям Абдураҳимова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ITF, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дорад, соҳиби медали тилло гашт. Бояд гуфт, ки Марям хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад.

- Марям ҳамроҳи апаву додараш дар ин муассиса таҳсил мекунад. Ӯ синфи 8-ро хатм кард ва ба синфи 9 гузашт. Тартибу интизоми намунавӣ дорад, хонишаш хубу аъло буда, дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок менамояд. Волидонаш ба тарбияи ӯ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Бо мактаб ҳамкории зич доранд,-гуфт Гулчеҳра Хоҷаева, директори МТМУ №21 зимни суҳбат бо “Оила.тҷ”.
Дар давоми суҳбат Хоҷаева афзуд, ки ин хонанда дар соли 2023 дар мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи таэквондо ITF дар Туркия, Хитой, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардид. Ҳамзамон, Марям яке аз иштирокчиёни фаъоли озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.
Ёдрас мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ITF 900 нафар варзишгар аз 45 давлати дунё байни ҳам рақобат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 24 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Марям Абдураҳимова дар рӯзҳои аввали мусобиқа бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, сазовори медали тилло гашт.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 19 август оғоз шуда, то 27 август идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД