arzon replenishment
ТОҶИКБАЧАИ ҶАҲОНДОН
3074


Шумо чанд номи давлатро бо масоҳату аҳолиаш медонед?
Мирмуҳсини бошад 150 давлатро бо масоҳату аҳолиашон аз ёд медонад.
Мирмуҳсини 14- сола то ин дам 150 давлатро кӯллан бо аҳолӣ ва мавқеи ҷойгиршавиашон аз ёд кардааст. Ӯро дӯстонаш ҳамчун бачаи ҷаҳондон медонад.

Аслан Муҳсин ба ягон давлат сафар накардааст, аммо оиди аксари кишварҳои ҷаҳон маълумоти пурра дорад, аз ҷумла мавқеи ҷойгиршавӣ, масоҳат, аҳолӣ ва пойтахти ин кишварҳоро аз ёд медонад.

Мирмуҳсин аз хурдӣ ба омӯзиши география шавқу рағбати зиёде дошта, ҳанӯз замони дар синфи сеюм хонданаш дар даври шаҳрӣ ва вилоятии озмуни “Донояк” сазовори ҷойи аввал гашт, дар синфи панҷ бошад аз фанни таърих дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст овард.

Айни замон Мирмуҳсин дар Литсеи давлатии №1-и шаҳри Бохтар дар синфи 7 таҳсил мекунад. Ин бачаи ҷаҳондон тамоми муваффақиятҳои худро аз дастгирии бобояш медонад, зеро маҳз падарбузургаш ӯро ба аз худ намудани номи давлатҳо ҳавасманд гардонидааст.

“Дар хӯрдиям бобоям китобе дошт бо номи “Атласи ҷаҳон”. Пас аз хатми китоби мазкур шавқу завқам ба китобхонӣ ва омӯзиши маълумотҳои ҷолиб дар бораи кишварҳои гуногуни олам зиёд шуд. Ҳамин тавр ба аз худ намудани номи давлатҳо шурӯ намудам,”-мегӯяд бо лабҳои ханда ин бачаи зирак.
Мирмуҳсин мехоҳад дар оянда сиёсатмадор шуда, дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон бо соири кишварҳои олам мусоидат намояд. Мо ба ин бачаи хушзавқ барору комёбӣ мехоҳем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД