Се сол аст, ки дар шаҳри Самара кор мекунам. Сабаби ба ин ҷо омаданам бефарзандиям аст. Таънаи хешу табор ва ёру дўстонам маро муҳоҷир кард. Хешовандонам талаб доштанд, ки талоқи занамро дода зани дигар бигирам, вале ман ин корро накардам, чунки аниқ медонам, дар бефарзандиамон вай не, ман гунаҳкорам.
Бемории ман табобатнашаванда аст. Сода карда гўям, тухмдонҳоям иллат доранд, бенасл ҳастам. Дар Ватан табобат гирифтам, нашуд, бо умед ба Русия омадам, вале дар ин ҷо ҳам ба дардам даво наёфтанд. Наметавонам ба хона занг зада ин гапро ошкоро бигӯям, аз ҳамин хотир ба редаксия занг задам, то тариқи саҳифаи «Муҳоҷир» ба ҳамсарам бигӯям:
Аҳдияҷон, то имрӯз ту сирру асрори маро пинҳон карда аз хешу табор хуб гап шунидаӣ. Барои ин садоқатат ман аз ту як умр миннатдорам. Худованд чашидани лаззати бахти ҳақиқиро ба ману ту насиб накарда будааст, ҷонам. Намехоҳам бо гуноҳи ман ту як умр аз чашидани лаззати ширини эҳсос модар будан маҳрум бимонӣ. Дигар маро интизор нашуда ба хонаи падарат баргарду шавҳар кун, шояд аз марди дигар ҳомиладор шуда, лаззати бахти ҳақиқиро мечашӣ.
Тоби дидани ашки чашмони туро надорам, барои ҳамин ин суханонро тариқи газета ба ту гуфтам. Маро бубахш, ки туро хушбахт карда натавонистам! Метавонӣ ба хешу таборат бигӯӣ, ки шавҳарам мард набуд, ҳамин қадар сол мо мисли ду дугона зиндагӣ кардем, вале аз ту як хоҳиш дорам-ҳаргиз дуои бадам макун! Аз ҷонам бештар дӯстат медорам, вале аз ин муҳаббати бе суд чизе ҳосил намешавад, ҷонам! Маро фаромӯш кун. Дуо мекунам, ки бо ёри нават хушбахт бигардӣ!
Шавҳарат Комрон, аз шаҳри Барнаули Русия