Агентии ҳавошиносиии Тоҷикистон хабар додааст, ки то 10 – уми июли соли 2021 ҳавои гарму бебориш ва хушк боқӣ мемонад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавсия медиҳад, ки аз соати 11 то 17, ки замони фаъолнокии нурҳои офтоб аст, бидуни зарурат ба кӯча набароед.
Гармии ҳаво дар водиҳо то 39 + 44 дараҷа, дар ҷануби кишвар то 45 + 48 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ то 32 дараҷа мерасад. Бар асари гармои шадид хатари омадани селҳои пиряхӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад. Дар ин рӯзҳо дар натиҷа афзоиши ҳарорати гармо сатҳи оби дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баланд мешавад.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳама чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, селроҳаҳо ва каналу ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд.