Ҳар як соҳиби мошин дар аввал барои он омода аст, ки ӯ аксар вақт дар роҳбандӣ истода бошад. Масалан, як сокини Маскав дар як сол ба ҳисоби миёна 91 соатро дар роҳбандӣ мегузаронад.
Бузургтарин роҳбандӣ дар ҷаҳон соли 2010 дар шоҳроҳи Чин дар Пекин рух дода буд, ки он 11 рӯз давом кард. Ронандагоне, ки худро миёни он дарёфтаанд, хабар доданд, ки дар зарфи 5 рӯз масофаи 100 километрро тай кардаанд.
Сабаби ин роҳбандӣ чанд омил буд: корҳои таъмирӣ ва афзоиши теъдоди мошинҳои боркаш дар шоҳроҳ. Факат баъди анҷоми таъмири роҳ вазъият ба эътидол омад.