Arzon march 2024
Тими гӯштини Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқа ба Теҳрон рафт
387

Тими гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон ба Теҳраон рафт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мусобиқаи даври нуҳуми “Ҷоми бошгоҳҳои гӯштини тарзи озод” рӯзҳои 21 ва 22-юми феврал дар толори “Шаҳадои 7-уми Тир”-и шаҳри Теҳрон баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 8 даста: 1-тимӣ аз Тоҷикистон, Олмон, Озарбойҷон, Туркия, Гурҷистон, Арманистон ва 2 тим аз кишвари Эрон иштирок хоҳанд кард.

Гӯштингирони Тоҷикистон шомили гурӯҳӣ “В” буда, бо дастаҳои “Банки Гардишгарӣ” аз Эрон, Арманистон ва Туркия рақобат мекунанд.
Дар ин мусобиқот тими гӯштини Тоҷикистонро 8 варзишгар ва 2 гӯштингири хориҷӣ аз Эрон намояндагӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД