Sebiston new 2024 october
Тилло ба сари муҳоҷири тоҷик бало овард
1423

Ин ҳодиса баъди ҷанги шаҳрвандӣ рӯй дода бошад ҳам, Меҳрнигор то ҳол заҳри талхи онро фаромӯш накардааст. Вай муаллимаи донишгоҳ бошад ҳам бо маоши ночизи омӯзгорӣ натавонист зиндагиашро пеш барад ва бо шавҳараш маслиҳат карда, роҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русияро пеш гирифтанд, вале...

Он солҳо аҳён- аҳён мардуми тоҷик оилавӣ ба Русия меомаданд. Хушбахтона кори онҳо омад карда, зану шавҳар соҳиби ҷойи кори сердаромад шуданд. Меҳрнигор ҳар моҳ аз пули маошаш бо ҳавас ба дастону гардану ангуштонаш тилловорї мехарид. Барои хоҳарону духтаронаш низ алоҳида-алоҳида зару зевар харида пинҳон мекард, то ба Ватан ҳамчун тӯҳфа барад, вале...

Шабе дар сахт тақ-тақ шуду як гурӯҳ авбошони рус бо зӯрӣ ба хонаи онҳо зада даромаданд. Меҳрнигор онҳоро бо як нигоҳ шинохт, зеро касони ба хонааш ҳамла карда бегона не, ҳамкорони шавҳараш буданд ва ҳамроҳи ӯ дар завод кор мекарданд. Онҳо ба сари Баҳриддин дод зада, таҳдид мекарданд:

-Боря, по хорошему давай деньги и золото, а то тебе хуже будет...взорвём
Яке аз авбошон мӯйҳои сип- сиёҳи Меҳрнигорро чолокона ба дасташ печонда, сари ӯро ба девор зад ва таҳдид кард, ки пулу тиллоҳоро барорад.

-Пул надорем, ана бинед- Меҳрнигор бо сари кафида ларзида- ларзида
квитансияҳои ба хона пул фиристодаашро ба онҳо нишон дод.
Авбошон аз гӯшҳояш дағалона гӯшвораҳои тиллоиашро кашида гирифтанд ва дар ин кашмакаш гӯшашро дарронданд.

Бо дидани ин манзара шавҳараш, ки варзишгар буд, сабру қарор аз даст дод ва як хез зада яке аз дуздонро таги мушту лагад гирифт. Авбошон ҳамакаса ба сари ӯ давиданду бо арматури вазнинеба сараш заданд.
Ба чашми Меҳрнигор чунин намуд, ки гӯё мағзи сари шавҳараш парида чошу лош шуд. Дод гуфт бо тамоми овоз ва аз ҳуш рафт...

ххххх
Вақте ки Меҳрнигор ба ҳуш омад, худро рӯйи бистари беморхона дид.
-Кани Баҳриддин?- ҷонҳавлона дод зад вай.
-Боря в реанимации......
Муддати ду ҳафта Меҳрнигорро табобат карданд. Додаронаш ба дидорбиниаш омада, шукри зинда монданашонро мекарданд.
Рӯзе аз ҷарроҳи ғамхор пурсид:
-Духтурҷон, саломатии шавҳарам чи хел? Ӯ зинда мемонад ё не?
-Оре, зинда мемонад, ба шарте, ки ҷарроҳӣ кунед. Ҳафт ҳазор доллар биёред, ҷарроҳї мекунем....

хххххх
Меҳрнигор даву този зиёде карда, қарз ёфт ва шавҳарашро ҷарроҳӣ намуд. Барои кандани қарз минбаъд худаш дар ду корхона кор карда, қариб, ки хоб намекард. Соате вақт ёбад, дар хараке ғанаб мекард.
Ҳамин тавр аз байн як солу се моҳ гузашт. Баҳриддин ба худ омад, вале якумра маъюби дараҷаи якум гардид.
Оре, нони мусофират хеле сахту сангин аст..........

Шаҳри мардум сӯхт бахт,
Шаҳри мардум бурд тахт
Шаҳри мардум бурд нақд
Шаҳри мардум нони сахт...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД