Дар таваллудхонаи ноҳияи Сирдарёи Ӯзбекистон тифли вазнаш 7 кило ба дунё омад. “Тифл бо усули ҷарроҳии чоки қайсар таваллуд шуда, вазъи саломатии модару кӯдак хуб аст”, - гуфтааст Санъат Қодиров сардухтури иттиҳодияи тиббӣ.
Тифли тавлидшуда дар вилояти Сирдарё вазнинтарин маҳсуб ёфта, барои зани 24-сола фарзанди аввалин аст. Вазни маъмулии тифли навзод аз 2,5 то 4 кило буда, дар таърихи муосир кӯдаки навзоди вазнинтарин соли 1955 дар Италия ба дунё омад, ки вазнаш 10 кило буд. Соли 2012 дар вилояти Хэнан кӯдаки вазнаш 7 килою 30 грамм таваллуд шуд. Тобистони соли 2016 дар Аврупо якбора ду тифли вазнин таваллуд шуданд. Моҳи август дар Испания духтарчаи вазнаш 6 килову 20 грам ва як моҳ қабл дар Олмон тифли 6 килову 110 грамм ба дунё омад.