Sebiston new 2024 october
ТИБҚИ НАТИҶАҲОИ ПЕШАКИИ КМИР ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДИГАРБОРА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД!
2672

Интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон аз соати 6-и субҳ то 20:00 – и рӯзи 11 октябри соли 2020 ба таври шаффоф ва ошкоро гузашт.

Иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 159 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Маҷлиси байнипарлумонии Россияву Беларус, сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой, Штатҳои Мутаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Япония, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Туркманистон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Украина ва 15108 нафар мушоҳидони миллӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад.

Баъди соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расид ва комиссияҳои участкавӣ ба ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон шурӯъ менамоянд. Натиҷаи ҷамъбасти интихобот бо протоколи комиссияи участкавӣ ба расмият дароварда шуда, ба комиссияҳои ҳавзавӣ ирсол карда мешаванд.

Имрӯз зимни баргузории брифинг бо намояндагони ВАО Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода тибқи натиҷаҳои пешакии интихобот ва хулосабарории аъзои Комиссия эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92 фисади райъи интихобкунандагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон эълон карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД