Афзоиши хушунату зӯроварӣ алайҳи занону духтарон ба дарди ҷонсӯзи ҷомеаи мо табдил ёфтааст.
Новобаста ба ҳама талошҳои ҳукумат ва созмонҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои бонувон то ҳанӯз мардоне ёфт мешаванд, ки занро ҳамчун ғулом-каниз қабул карда, нисбати ҷуфти худ бераҳмона муносибат менамоянд, занро пайваста дашному ҳақорат медиҳанд, ҳайсият ва шаъну шарафи инсониашро паст мезананд, озор медиҳанд, ба сараш мушт мебардоранд ва ҳатто зада-зада мекушанд. Рафтори золимонаи чунин як марди ба қавли маъруф “табармусулмон” дар Темурмалик бо фоҷиа анҷом ёфт.
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як марди 38-солаи сокини ноҳияи Темурмалик хабар додааст, ки дар лату кӯб ва то ба ҳадди марг расонидани ҳамсари ҷавонаш гумонбар дониста мешавад. Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 12-август мард дар ҳолати мастӣ бо занаш ҷангу ҷанҷол карда, ҳамсарашро бисёр бераҳмона лату кӯб намудааст. Дар натиҷа зани 27-сола бар асари мушту лагади шавҳари золим ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Пайвандонаш ҷисми бе ҷони ҷавонзани ормониро бо чашми гирён ба хок супурданд, нисбати марди занкуш бошад, парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.