Темур Раҳимов, ҷудокори номдори тоҷик дар вазни +100 кг бо шикаст додани Алишер Юсупови ӯзбек ба даври нимфинал рафт.
Темур тавонист дар ин давр Алишери ӯзбекро бо ҳисоби калони 11 бар 1 шикаст диҳад ва роҳашро барои мубориза ҷиҳати ба даст овардани тило ҳамвортар намояд.
Алишер дар ин сабқат се корти зард гирифт. Темур соҳиби 1 корти зард шуд ва дар давраи тилоӣ тавонист паҳлавони ӯзбекро шикаст диҳад.
Акнун Раҳимов дар нимфинал бо паҳлавони гаронвазни фаронсавӣ Тедди Риннер вориди майдон хоҳад шуд. Ринер, ки секарата ғолиби бозиҳои олимпӣ (2012, 2016, 2020), 12-карата чемпиони ҷаҳон ва 5-карата чемпиони Аврупо аст, бори охир дар мусобиқаи «Душанбе Grand Slam-2024» дар вазни +100 кг Темурро шикаст дода, соҳиби медалли тилло шуда буд.