Formula novemver 2024
Телевизиор тамошо кунӣ ба дӯзах меафтӣ?
2083

Салом! Ман як ҷавонзани аз зиндагии пур аз дарду азоб ба ҷон расида мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат пурсам.

Волидони ман одамони оддӣ ҳастанд ва зиндагиашонро бо деҳқонӣ пеш мебаранд. Падарам базӯр як бурда нон барои фарзандонаш ёбад ҳам, арақ менӯшад. Модари бечораам аз зарби мушту лагади шавҳар касалманд гашта бошад ҳам, мисли аксари занҳои тоҷик “сари кафида таги тоқӣ” гӯён, сирру асрори зиндагии сангинашро ба касе намегӯяд.

Падарам, ки маст шуд, натанҳо модарам, балки мо-фарзандонашро низ лату кӯб мекард. Қади бародаронам ба қади падарам баробар бошад ҳам, онҳоро дашному ҳақорат дода, бо таёқ зада пеш мекард. Бечора акаҳоям шабҳое, ки падарам маст бошад, аз тарс шабро дар хонаи тағоҳоям саҳар мекарданд, то ки таги мушту галад намонанд.

Росташро гӯям, аз чунин зиндагии сангин безор шуда, ман мехостам ҳарчи зудтар шавҳар карда равам, то ҷонам каме осояд, вале аз таги борон гурехта, ба зери новардон афтодам. Ба тақдири мани бадбахт писари як марди муллобашара талабгорам шуд. Домодшаванда аз як зан ҷудо шуда, ду фарзанд дошт, вале падарам розигии маро ҳатто напурсида, зӯран маро ба ҳамон марди зандида ба шавҳар дод.

Тарафи қудо бароям ҳамагӣ 4 курта оварданд ва бе тӯю тамошо бо як дегча ош маро никоҳ карда, ба хонаи худ бурданд. Азоби дар хонаи падарам кашидаам магар кам буд, ки худованд маро ба ин ҷаҳаннам партофт.

Дар хогнаи хусурам занро аслан одам ҳисоб намекунанд. Мо ҳуқуқ надорем, ки поямонро бе иҷозат аз дарвоза берун монем. Мабодо ба хонаамон ягон писарчаи ҳамсоя ё марди ношинос дарояд, занҳо бояд дар ошхона пинҳон шавем. Мо ҳуқуқ надорем, ки ҳатто бо занону духтарони ҳамсоя сӯҳбат кунем ё ба хонаи ҳамсояҳо равем. Тамоми маводи хӯрокаро қулф карда мемонанд, хушдоманам ҳатто нонро ба мо ба дасти худаш дода, ҳамеша таъкид мекунад, ки исроф дар ислом ҳаром аст, пурхӯрӣ накунем, сарфакор бошем ва ғайра...

Ҷонам дар ин зиндон ба лабам расидааст, вале ҳар гоҳ, ки ба модарам дарди дил кунам, ба ҷойи ягон маслиҳати дуруст додан мегӯяд: «духтарам, тақдир ҳамин будааст, дигар чӣ ҳам мекардӣ, тоқат кун. » Ба хотири модарам чанд сол сабру тоқат кардам, вале неши забони хусуру мушту лагади шавҳарам косаи сабрамро лабрез кардааст, охир дар ин ғамхона ман ҳатто ҳуқуқи телевизор тамошо кардан надорам.

Хусурам мегӯяд, ки дар телевизор одамони луччакро нишон медиҳанд ва касе, ки онро тамошо кунад, фардои қиёмат ба дӯзах меафтад...” Маро ҳатто ба хонаи падарам меҳмонӣ рафтан намемонданд, гӯё келин нею ғулом бошам.

Зани якуми шавҳарам аз рӯйи ҳамин кору кирдорашон ду кӯдакашро партофта, қаҳр карда рафта будааст. Парастории фарзандони вай ҳам бар дӯши ман аст. Аз чунин зиндагии сахту сангин ба ҷон расидаам. Илтимос, малиҳатам диҳед, ки чӣ кор кунам?

Саидаи гирён аз ноҳияи Лахш

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Бе ном 2023-06-23, 12:56
Салом твқдиратон ранги ман будас
Посух
Мухлис 2023-06-25, 16:55
Хусурат мулои худо бехабар будааст.аз худо хабар медошт писарашро мегуфт занатро назан ислом задани занро ичозат надодааст балки насихат карданро ичозат додааст.ихоро мегуянд мулохои гумрохшуда
Посух
Дилором Часурова-юрист 2023-06-26, 23:45
Фирузахон, сурогаашро ба ман нависед, таерам кумаки хукукии худро расонам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Бе ном 2023-06-23, 12:56
Салом твқдиратон ранги ман будас
Посух
Мухлис 2023-06-25, 16:55
Хусурат мулои худо бехабар будааст.аз худо хабар медошт писарашро мегуфт занатро назан ислом задани занро ичозат надодааст балки насихат карданро ичозат додааст.ихоро мегуянд мулохои гумрохшуда
Посух
Дилором Часурова-юрист 2023-06-26, 23:45
Фирузахон, сурогаашро ба ман нависед, таерам кумаки хукукии худро расонам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД