arzon replenishment
Telegram рақами телефони ҷинояткоронро ба полис медиҳад
348

Павел Дуров, муассиси чати Telegram эълон кард, ки ширкаташ сиёсати махфияти худро комилан нав карда, минбаъд айпи-адрес ва рақами телефони ҷинояткоронро барои санҷиш ба полис медиҳад.

Ба таъкиди ӯ, ин тадбир барои пешгирии ҷинояткорӣ тариқи ин шабака андешида шуда, дар оянда фурӯши моли ғайриқонунию қочоқ, паҳн кардани порнографияи кӯдакона, даъват ба терроризм ва фурӯши маводи мухаддир, қаллобиву қиморбозии интернетӣ ва анҷоми дигар ҷиноятҳо тариқи Телеграм манъ карда мешавад.

Соҳиби ширкат гуфт, Telegram барои пайдо кардани дӯстон ва мутолиаи хабарҳо пешбинӣ шудааст, на таблиғи маҳсулоту хизматрасониҳои ғайриқонунӣ. Бинобар ин, онҳо ҳафтаи охир гурӯҳи махсуси модераторонро таъсис дода, бо истифода аз зеҳни сунъӣ саҳифаҳои ҳамаи корбаронро пурра месанҷанд ва дар ҳоли гирифтани шикоят тариқи боти махсус ё хизматрасонии шикоят кардан дастрасии саҳифаҳоро пурра ё қисман маҳдуд мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД