Sebiston new 2024 october
Телефонро зери болиштат гузорӣ, ба саратони майна ва хун гирифтор мешавӣ?
19.09.2024
ОИЛА.ТҶ
776

Истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ ба омоси майнаи сар, сафедхунӣ (лейкемия), бемориҳои Алтсгеймер, Паркинсон, вайроншавии хотира, заифии шунавоӣ ва биноӣ, вайроншавии кори системаи дилу рагҳо, баландшавии фишори раги шараёнӣ, бехобӣ, паст шудани муқовимати организм ба бактерияҳо оварда мерасонад.

Тақрибан 70 дарсади истифодабарандагон бо телефон зиёда аз 30 дақиқа дар як рӯз гуфтугӯ мекунанд. Бисёр ашхосеро мебинем, ки ҳатто дар ҷойи хоб ҳам аз телефон ҷудо нестанд. Ҳол он ки ҳангоми хоб телефонро дар масофаи як метр аз худ дур нигоҳ бояд дошт. Ба ҳеҷ ваҷҳ онро зери болишт набояд гузошт, зеро мавҷҳояш боиси фишори равонӣ ва харобшавии марҳалаи хоб мегардад. Телефонҳои мобилӣ қобилияти тавлиди майдонҳои электромагнитиро доранд. Аз ин рӯ, шуоафкании (радиатсия) онҳо ба системаи масуният ва асаб таъсири манфӣ мерасонад.

Ба назар мерасад, ки модарони ҷавон масъулияти худро нодида гирифта, ба хотири лаҳзае ором нишастани кӯдак ба дасти тифл телефони мобилӣ медиҳанд. Барои тифл, ки имконаш барои аз худ кардани муҳити атроф бисёр аст, телефони мобилӣ бо барномаҳои ҷолиб диққаташонро ҷалб месозад. Дар натиҷа, кӯдаконе, ки дастгоҳҳои мобилиро зиёд истифода мебаранд, асабиву инҷиқ мешаванд. Ба хотири барҳам надодани масруфият ба коре ва фароғати худ ояндаи фарзандро дар хатар мегузоранд. Модарон чунин хатои худро тӯли ҳаёти фарзанд дигар наметавонанд ислоҳ созанд.

Дар баробари суст шудани хотираи кӯдакон, дар онҳо хирабинӣ, камшунавоӣ ва дарди сар низ пайдо мешавад.

Баъзе аз модарони ҷавон ба он ақидаанд, ки бо истифода аз телефони мобилӣ ва компютеру гаҷетҳо ҷаҳонбинии кӯдак васеъ мегардад. Аммо олимон исбот кардаанд, ки донишҳои тариқи телефони мобилӣ гирифта зуд аз хотир фаромӯш мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД