Ҷомеаи муосирро бидуни алоқаи мобилӣ тасаввур кардан душвор аст. Имрӯз хонае нест, ки дар он ҳадди ақал-се-чор телефон набошад.
Ҳар як аъзои оила, ҳатто кӯдакну наврасон кӯшиш мекунанд, ки телефони шахсии худро дошта бошанд. Албатта ҳамеша бо ёру дӯстон дар алоқа будан хуб аст, вале баъзан ишқи телефон ба сари кас ҳар бел балову фалокатҳои азимро оварда метавонад. Ҳодисае, ки ба сари як ҷавони 28-сола омад, далели равшани ин гуфтаҳост.
Ракеш Кумар, ҷавони 28-солаи ҳинду бар асари таркиши телефони мобилӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора "Популярная механика" хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, гӯшмонакҳо вақте таркиданд, ки дар гӯши Кумар буданд. Дастгоҳ ба смартфони барқгиранда пайваст карда шуда буд ва барбари садо додани таркиш ҷавон зуд аз ҳуш рафт.
Ракешро фавран ба бемористон интиқол дода бошанд ҳам, табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бахшанд. Дили ҷавон тоб наоварда, аз кор бозмонд ва Ракеш ормонӣ аз дунё даргузашт.
Дар хабар омадааст, ки Ракеш Кумар гӯшаки бе сими бренди маҳаллии номаълумро истифода мебурдааст, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ фурӯхта мешавад.
"Помулярная механика" таъкид мекунад, ки дастгоҳҳои истеҳсолкунандагони маъруф низ метавонанд тарканд. Чунин ҳодисаҳо бо Beats ва AirPods иттифоқ афтода буданд.