Телефон ҷойи бозиҳои табииро мегирад?
85

Айёми кӯдакии мо кӯчаҳо пур аз садои наврасон буд. Бачаҳо дар ҳавлию кӯчаҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда, бо шавқу завқ пинҳоншавак, сурдиҳак, чиллакулоф, ҳакалак, паропарак, чормағзҷанг, лӯхтакбозӣ, фалахмонбозӣ, тирукамонбозӣ, лойбозӣ (аз лой сохтани бозичаҳо), ҳаппак, бодбаракпаронӣ, фирфиракпаронӣ, ғилдиракронӣ, ланкабозӣ, лижаронӣ, яхмолакбозӣ ва бозиҳои дигар мекарданд. Ин бозиҳо на танҳо шавқовар буданд, балки кӯдаконро ба обутоби бадан, дӯстӣ, ростқавлӣ, зиракӣ ва ҳамбастагӣ роҳнамоӣ мекарданд. Аммо имрӯз фазо дигар аст. Кӯдакон дар кӯчаҳо ба бозиҳои табиӣ не, балки ба телефонбозӣ машғул мешаванд, ки ин албатта аз зарар орӣ нест.

Имрӯз аксари кӯдакон вақти зиёди худро дар ҷаҳони маҷозӣ мегузаронанд. Бозиҳои электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ ҷойи бозичаҳои кӯдаконаи воқеиро гирифтаанд. Агар дар гузашта кӯдакон лойбозӣ мекарданд ва аз хок қаср месохтанд, имрӯз аз экрани телефон «шаҳрҳои маҷозӣ» месозанд. Ин тағйирот на танҳо шакли бозӣ, балки арзишҳои иҷтимоиро низ дигар кардааст.

Фаромӯш набояд сохт, ки бозиҳои миллӣ як қисми муҳими фарҳанги миллию мардумӣ мебошанд. Онҳо дар худ таҷрибаи чандинсолаи ҳаёти мардумро ҷамъ кардаанд. Воқеан ҳар як бозӣ барои рушди ҷисмонӣ ва рӯҳиву равонии кӯдак мусоидат мекунад. Масалан, бозии чиллакулоф кӯдакро ба ҳушёриву зиракӣ, ҳакалак ба ҳаракат ва қувва, пинҳоншавак ба фикрронӣ, лойбозӣ ба эҷодкорӣ ва дар умум ҳар як бозӣ ба кӯдак чизе меомӯхт. Ҳамзамон ин бозиҳо як василаи хушҳолӣ барои кӯдакон буданд. Кӯдакон рӯҳану равонан оромиш меёфтанд.

Имрӯзҳо равоншиносон таъкид мекунанд, ки бозиҳои анъанавӣ барои рушди зеҳн, обутоби бадан ва рӯҳу равони кӯдак нақши калон доранд. Онҳо кӯдаконро ба муошират, ҳалли мушкилот ва кори гурӯҳӣ водор мекунанд. Яъне кӯдакро ба ҷамъият, инсондӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ роҳнамоӣ мекунанд. Бозиҳои телефонӣ бошанд, ба чашми кӯдак зарар карда, ӯро афсурдаҳол, зудранҷ мекунанд. Инчунин кӯдак худро вобастаи телефон медонад ва аз ин вобастагӣ халос шудан барои кӯдак душвор аст.

Чаро бозиҳои табиӣ аз байн мераванд? Албатта сабабҳо гуногуну зиёданд. Лекин яке аз омилҳо телефон додани волидайн ба кӯдакон аст. Кӯдак аз хурдӣ ба бозиҳои телефонӣ шавқ пайдо мекунад. Дигар ба назари ӯ бозичаҳо ва ё бозиҳо наменамоянд. Аз тарафи дигар, худи волидон низ бо кӯдак бозӣ накарда, ба дидани телефон машғул мешаванд. Кӯдак аз ин муҳит ибрат мегирад. Ӯ чун волидонаш соатҳо саргарми телефон мешавад.

Баъзе бозиҳои кӯдакона хусусияти миллӣ доранд. Яъне онҳо бозиҳои миллиеянд, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо миёни кӯдакон ҳифз шудаанд. Вақте мо бозиҳои миллиро фаромӯш мекунем, як пораи муҳими фарҳанги мардумиро аз даст медиҳем. Хушбахтона дар ҷашнҳои миллӣ, ба мисоли Наврӯз, бозиҳои миллии кӯдакона баргузор мегарданд. Кӯдаконро аз нав вориди ин олами зебо месозанд.

Бояд волидон ба кӯдакон бозиҳои миллии қадимаро омӯзонанд. Онҳоро ҳарчи бештар аз бозиҳои маҷозӣ дур созанд. Ба ҷойи он шашкаву шоҳмот ва албомчаҳои махсуси рангдиҳӣ гиранд, то ҷаҳонбиниву тафаккури кӯдак рушд ёбад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД