Тарбияи фарзанд дар шароити кунунӣ, ки кӯдак аз модараш таваллуд шуда “телефонбадаст” мешавад, хеле душвор шудааст. Муаллифи нома ҳам аз он нигоронӣ мекунад, ки чаро тамошои саҳнаҳои фаҳш ва наворҳои зараровар ба кӯдакону наврасон бо қонун манъ карда намешавад?
Аммо бояд гуфт, ки пеши роҳи истифодаи телефони мобилӣ ва ё тамошои саҳнаҳои номатлуб айни замон вуҷуд надорад ва таъсираш низ камтар аст. Вале ин маънои онро надорад, ки мо дар назди он оҷиз ҳастем. Ба андешаи ман, роҳи асосӣ ва аз ҳама таъсирбахши он, ин назорати фарзандон аст, ки вақти худро ба телефонбозӣ нагузаронанд.
Вақте мову шумо ба ҷойҳои ҷамъиятӣ меравем чашмамон ба даъвати “Кашидани тамоку ба саломатии шумо зарар дорад” меафтад. Бояд “Истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ ба саломатии шумо ва фарзандонатон зарар дорад”-ро дар зеҳни ҳар модару падари насли нав сабт кард. Зеро воқеан, зарари телефони мобилӣ бештар сигор аст.
Тавре ишора шуд, кӯдаки насли навро пурра аз телефон маҳрум карда намешавад, вале пайваста назорат кардан лозим аст, ки дар телефони фарзанди шумо чӣ ҳаст? Беҳтараш барои фарзандонатон соатҳои муайян ҷудо кунед, ки “телефонбозӣ” кунад ва ҳатман таҳти назорати шумо. Бо ин роҳ шумо метавонед, назорат кунед, ки фарзанди шумо чӣ тамошо мекунад. Беҳтар аст, худатон бо фарзандатон якҷоя филмҳои тарбиявӣ ё барномаҳои фарҳангӣ, ки ба синну соли онҳо мувофиқ аст, тамошо кунед. Ё ҳамроҳ бозӣ кунед. Бозӣ метавонад падару писарро бештар наздик кунад, вале бо меъёр дар соатҳои муайян.
Тошхуҷа АМИРАЛИЕВ, методисти шуъбаи маориф