Formula novemver 2024
Телефон ба ҷойи аллаву “Малыш” ба ҷойи оча!
29.12.2021
ОИЛА
2164

Бобоям, ки умраш ба 80 расидааст, ҳамеша аз бемеҳрии модарони ҷавон нисбати фарзандонашон нолида мегӯяд:
-Ин “Малыш” барои бачахои хзира худаш як дарди сар шуд, ҳа дарди сар! Бечора кӯдакон ҳатто модарашонро ба серӣ намебинанд. О, модар, ки аз фарзанд шираш, меҳрашро дареғ дорад, кӯдак аз кӣ дигар меҳрубониро интизор шавад? Бачаҳои ҳозираро хӯрокҳои сунъӣ калон мекунад, бозичаҳо бозӣ медоранд, телефонҳо алла мегӯянд ва хирсаку “Маша Медвед”-ҳо навозиш мекунанд:

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, гилагузории бобоям ҳанӯз ба охир нарасида кӯдакӣ 8 моҳаи амакам ба гиря даромад. Янгаам, ки машғули чокдӯзӣ буд, даррав мусиқии телефонро монду ба дасти тифлакаш оварда дод. Ин ҳолро дида яқин донистам, ки ҳозир бобоям ба “ҷонат сӯзад” гуфтан медароянд, барои ҳамин чойнаки ҳанӯз чояш нисф нашударо бардошта “чойдамкунӣ” рафтам.
Аз дар баромада-набаромада овози бобоям ба гӯшам расид:
-Ҳой келин, ин бачаи увол гурусна шуда мегиряд. Ман пагоҳ боз се-чор бор хӯрок хӯрдам, ин бечора бошад, то ҳол дар гаҳвора робот барин баста мондагӣ. Магар ҳамин ашулаҳои гӯшхароши телефони ту кӯдакро сер мекунанд, ки ба дасташ ин дахмасаро (асбобҳои техникиро бобоям чунин ном мебурд) дода мондӣ?!
-Не-е-е-ю, якбора ҳамаи корҳома шаваму баъд шир диҳам гуфта телефона додам бобокалонҷон,-мегуфт янгаам,-серкор бошам, ҳамеша МР-3 ё телефона оварда ба бари гаҳворааш мемонам, бачаам зуд хап мекард, аммо имрӯз...
Гапа кам кунеду кӯдаки бечорая аз гаҳвора тезтар кушоед келин, дасту пои ин увол шах шудагист,-дилсӯзӣ мекард бобоям.-Пагоҳӣ ду фақер гирифта ба лаби об рафта будед, як соат пеш аз абед омадед. Хайрият, ки зимистон набудаст-а, вагарна чалакҳои об дар замин шуша баста мемонд. Эҳ, э-э-э шумоён наврӯидо-е. Гап намонад гуфта, на ба шиками худатон мехӯреду на ба кӯдак шир медиҳед, ҳатман бояд ягон касро ғайбат кунед...
Бечора бобоям аз рафтору кирдори келинҳои ин замона нолон, очаам, яъне бибиам бошанд, коргари давлатӣ барин пагоҳӣ баромада мераванду бегоҳ баробари коргарон аз дар медароянд. Мабодо очаамро ба мушкилкушо, бибисешанбе, келинталбон, рӯкушоён ё чодарканон даъват накунад, кампир болу пар бароварда “ҳамсоягӣ ва хешу таборӣ барои ҳамин хел рӯзҳо-дия” гӯён, ба хонаи хешону пайвандонашон мераванд, барои ҳамин сарзанишу навозиши писару набераю келинҳо 20% ба дӯши бобоям бор аст. Ба қавли худашон сарборӣ.
Зани амакам аз ин дилсӯзии бобоям нороҳат шуда, лабу рӯяшро бурма мекарду пешонияшро мехорид, вақте ки ман чойнаки чой дар даст аз дар даромадам. Вай имдодхоҳона ба ман нигарист, вале ба ҷуз “шумо ҳақед бобокалон” гуфтан маро дигар чора набуд...
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД