Театр-студияҳои ҳаҷвии маъруфи тоҷик
84

Рӯзи ханда як ҷашни ғайрирасмӣ аст, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз одамон бо якдигар шӯхӣ мекунанд, латифаҳо гуфта, табъи ҳамдигарро болида месозанд. Барои хандонидани якдигар ва сохтани фазои ҳаҷвӣ дурӯғ гуфта, фиреб медиҳанд.

Дар Тоҷикистон низ 1-уми апрел ҳаҷвнигорон саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва телевизионҳои кишвар барномаҳои ҳаҷвӣ пахш мекунанд. Мардуми тоҷик худ табиатан мардуми фарҳангӣ ва шӯху беғуборанд. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон театр-студияҳои ҳаҷвӣ ва ҳаҷвнигорони зиёд фаъолият мекунанд. Мутаассифона, баъзе ҳаҷвнигорони маъруф аз олам чашм пӯшиданду бархе театр-студияҳо бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонданд.

То имрӯз дар кишвар театр-студияҳои ҳаҷвии «Лаҳзаҳои гуворо», «Хандинкамон», «Шӯхиҳои Аловуддин», «Ғарибшо-компания», «Очаи Бика ва Зика» "Усто ва Масто", "Коно ва Доно", "Шаҳрошӯб", "Територия юмора" ва «Шакарханд» аз ҷумлаи маъруфтаринҳо ба шумор мераванд. Ҳар кадоми ин гурӯҳҳо бо сабку услуби хоси худ тавонистанд дар дили тамошобин ҷой гиранд.

Масалан, «Хандинкамон» яке аз гурӯҳҳои ҳаҷвӣ буда, бо барномаҳои саҳнавӣ ва телевизионии худ солҳои зиёд мардумро механдонад. Ё «Ғарибшо компания» бо шӯхиҳои зиндаву иҷтимоии худ миёни мардум маҳбубият пайдо кардааст. «Очаи Бика ва Зика» бошад, бештар бо саҳнаҳои оилавӣ ва образҳои хотирмон маъруф гардида буд.

Бо гузашти вақт, баъзе аз ин театр-студияҳо фаъолияташонро идома медиҳанд ва бархе бо шароити нав, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва “Ютуб” мутобиқ шудаанд. Аммо қисме аз гурӯҳҳо бо сабабҳои гуногун фаъолияташонро қатъ кардаанд ё камранг шудаанд. Бо вуҷуди ин, театр-студияҳои мазкур дар рушди фарҳанги ҳаҷвии тоҷик нақши муассир доранд.

Дар Тоҷикистон ғайр аз театр-студияҳои ҳаҷвӣ боз театрҳои мусиқӣ-мазҳакавӣ низ амал мекунанд, ки дар намоишномаи онҳо лаҳзаҳои ҳаҷвӣ низ зиёд ба назар мерасад - Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, Театри мусиқӣ-мазҳакавии Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, Театри миниатураи Оина.

Ҳамзамон имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе ҳаҷвнигорону блогерон ба пахши саҳнаҳои ҳаҷвӣ машғуланд. Албатта онҳо як мақсад доранд, болида кардани табъи мардум.

Пас, ҳамеша хушҳолу хушвақт бошед! Бигузор дар лабонатон ҳамеша табассум ҳувайдо бошад!

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД