Тибқи Агентии обу ҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои чанд рӯз ҳаво ғуборолуд шуда, гармии ҳаво боло меравад.
Дар чунин ҳаво бештар нафароне, ки аз бемориҳои дилу рагҳо ва роҳҳои нафаскашӣ, ҳамчунин, бемориҳои музмин азият мекашанд, ҳолаташон нохуб шуда, ҳатто дар беморхона бисатрӣ мешаванд.
Мо тасмим гирифтем, ки чанд тавсияи Малика Юсупова, кардиологи Бемористони Ибни Сино пешниҳоди шумо намуда, дар чунин ҳавои номусоид аз он истифода бурда, саломатии хешро нигоҳ доред.
Вақте ҳаво чангу ғуборолуд мешавад, норасогии нафаскаши душвор мешавад, одамон анметавонанд нафаси озод кашанд, аз ин лиҳоз асабӣ мешаванд. Дар чунин ҳаво тамом бемориҳои музмин авҷ мегирад.
Нафароне, ки аз бемориҳои дилу рагҳо, роҳҳои нафаскашӣ азият мекашанд, беҳтар аст, ки ба берун набароянд, ҳавои хонаашонро намкок намоянд. Бояд қайд намоям, ки чунин дастгоҳ дар мағозаҳо фурӯхта мешавад, ки вобаста ба шароиташон нархҳояш низ гуногун ва аст, метавонанд дастрас кунанд. Чунки ҳавои хона бояд намнок бошад, зеро вақте ҳарорати ҳаво пасту баланд мешавад, фишори хун номуътадил шуда, ҳолати беморӣ нохуб мегардад. Боз такрор мекунам, ки ба берун набароянд, мувозиби саломатиашон бошанд, доруҳояшонро дар вақташ истеъмол намоянд, зери назорат бошанд.
Дар баробари ин, ғизоҳои серравған ва душворҳазм нахӯранд. Хуб аст, ки авқотҳои сабук ва меваю сабзавотро истеъмол кунанд.