Мушоҳидаҳои олимон нишон медиҳад, ки тавлиди дугонику сегоник бештар ирсӣ буда, ҷуфтҳое, ки дар авлодашон дугоник будааст, нисбат ба дигар зану шавҳарон шонси бештари якбора соҳиби чанд фарзанд шуданро доранд.
Тавлиди дугонику сегоник бештар ба пушти модарӣ вобастагӣ дорад, агар модар ё бибии зан дугоник таваллуд карда бошад, аз имкон дур нест, ки чунин хушбахтӣ рӯзе насиби ӯ ҳам бигардад. Баъзан дугоник ё сегоник баъди як пушт такрор мешавад, яъне духтари зане, ки дугоник дошт, дугоник таваллуд намекунад, вале наберааш метавонад соҳиби дугоник ё сегоник гардад.
Дар ҳолати ҳам дар авлоди мард ва ҳам дар авлои зан мавҷуд будани дугонику сегоникҳо имкони ҳомилагии бисёрҷанина дар чунин оила ба маротиб меафзояд, вале шонси аз ҳама бештари соҳиби дугонику сегоник шуданро оилаҳое доранд, ки худи зану шавҳар ё яке аз онҳо бародар ё хоҳари дугоник дошта бошад. Мисоли равшанаш тақдири оилаи машҳуре мебошад, ки худи зан яке аз чоргоникҳо буда, шавҳараш дугоник ба дунё омада будааст. Ин зан 3 маротиба дугоник, 6 маротиба сегоник ва 2 маротиба чоргоник таваллуд карда, олимони соҳаи тибро чунон дар ҳайрат гузоштааст, ки номашро ба адабиёти илмӣ дохил кардаанд.