Салом! Вақтҳои охир тез-тез хоб мебинам, ки тифли навзоди зебоеро дар бағал гирифтаам. Хобамро ба чанд кас нақл кардам, баъзеҳо мегӯянд, ки таваллуди кӯдак дар хоб бисёр хуб ва рамзи хушбахтӣ аст, аммо бархеи дигар баръакс чунин хобро фоли бад ва нишонаи ягон ҳодисаи нохуш меноманд. Илтимос, бигӯед, ки таваллуди кӯдак дар хоб чӣ таъбир дорад?
ЯСМИНА, шаҳри Душанбе
Посух:
- Таваллуди кӯдак дар хоб фоли нек ва нишонаи зиндагии хушбахтона мебошад. Тибқи хобномаҳо касе, ки чунин хоб мебинад, ягон орзуи бузургаш дар зиндагӣ ҷомаи амал пӯшида, шоду хурсанд мешавад. Зани шавҳардор чунин хоб бинад, ягон хабари хуш мешунавад, вале зани танҳо хоб бинад, ки кӯдакдор шудааст, ошиқ шуда, оилаи солим бунёд менамояд.
Дар хобномаи исломӣ таваллуди писар рамзи ба даст овардани боигарӣ ва тавлиди духтар нишонаи хушбахтӣ таъбир карда шудааст. Мард хоб бинад, ки писардор шудааст, ягон мушкили хеле бузурги ҳаётиаш ҳал мешавад.
Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки таваллуди фарзанд дар хоб аз халосӣ аз мушкилот ва сар задани тағйироти хурсандиовар дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад. Касе, ки чунин хоб мебинад, ҳаёти оилавиаш ранги дигар гирифта, зиндагиаш ширину гуворо мегардад. Ванга мегӯяд, агар кас хоб бинад, ки зане таваллуд карда истодаасту вай доя шудааст, шахсе пайдо мешавад, ки ҳалли баъзе мушкилоти зиндагиашро бар дӯш мегирад.
Таваллуди дугоник ва сегоник дар хоб нишонаи он аст, ки шумо бо дӯстони қадрдонатон, ки чандин сол боз онҳоро надидаед, вомехӯред.
Таваллуди тифл дар хоб метавонад ҳамчунин рамзи тавлиди идеяи наве бошад, ки даромади калони пулӣ меорад. Мард чунин хоб бинад, бою бадавлат мешавад.
Якбора ба дунё овардани чанд кӯдак дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тамоми корҳои шахси хобдида барор мегиранд ва ҳар ҷо, ки қадам ниҳад, гулистон мешавад.