Formula novemver 2024
Таъсири афсона ва аллаи модар дар тарбияи кӯдакон
11.02.2023
Оила
1098

 

Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» нависандаи шинохтаи тоҷик Гулчеҳра Муҳаммадиева мебошанд. Мо дар мавзӯи “Модарони ҷавон ва тарбияи фарзанд” нуқтаи назари муаллимаро пурсон шудем.

 Дар ҳама давру замон падарон ризқрасон ва модарон тарбиятгари фарзандон ҳастанд. Ин маънои онро надорад, ки падар дар тарбияи фарзанд иштирок намекунад, албатта агар оиларо ба давлати кӯчаке ташбеҳ диҳем, он ҷо ҳам сиёсати падар муҳим асту ҳам тарбияи модар.

"Аммо аз касе пӯшида нест, ки модар бисёртар бо фарзанд вақти хешро мегузаронад. Аввалин даричаи ҷаҳонбинии кӯдак афсона аст, модарони мо инро дарк мекарданду ба мо афсона мегуфтанд".

Ёд дорам даврони кӯдакию асонаҳои ширини модарамро, ки аксаран муборизаи некӣ ба бадӣ буду оқибат некӣ ғолиб меомад. Мо фарқи баду нек ва сиёҳу сафедро маҳз аз афсонаҳои модаркалону модарони қиссагӯямон шунидаем. Ман модарони ҷавонро танқид карданӣ нестам, аммо аксари кӯдакони имрӯз аз модарони хеш афсона нашунидаанд.

Бонувони мо гумон мекунанд, ки тамошои филми тасвирӣ метавонад ба фарзандони онҳо ғизои маънавӣ бахшад, аммо ин тавр нест. Агар модарони ҷавони мо афсона нақл карда наметавонанд, бигузор онро аз китобҳо барои кӯдаконашон хонанд.

Вақте фарзандон мактабхон шаванд, барояшон китобҳои бачагона харида, онҳоро ба китобхонӣ шавқманд созанд. Ба ҳамин восита дар замири кӯдак донаҳои маърифатро мекорему ӯ чун як шахси соҳибфарҳанг ба воя мерасад.

Аввалин суруде, ки кӯдак мешунавад, ин аллаи модар аст, роҳи ӯ ба ин дунёи пуртаззод низ аз афсонаҳои модар оғоз мегирад. Модари зирак аз овони бачагӣ мефаҳмад, ки кӯдаки ӯ ба кадом касб майл дорад ва дар ҳамон росто ӯро раҳнамоӣ месозад.

Ман дар саҳифаи фейсбукии худ гӯшае дорам бо номи «Ёрӣ ба модарони ҷавон» ва он ҷо асарҳои кӯдаконаи хешро мегузорам, то модарони ҷавон аз он истифода кунанд, паёмакҳои миннатдории зиёде мегирам.

Ҳар як кӯдак шуғли дӯстдошта дорад ва падару модар бояд кӯшиш кунанду шароит фароҳам оранд, ки фарзандашон машғули кори дӯстдоштааш бошад. Дар мавзӯи тарбияи кӯдак сухан зиёд аст ва мо фақат як паҳлӯи онро шарҳ додем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД