Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар барои занон - модароне, ки дар тозагии кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ва муҳити озодаи он саҳми назаррас доранд, хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Тавре шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додааст, ҳадаф аз баргузории хатсайр қадршиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба меҳнати шабонарӯзии занон - модарон мебошад.
Дар доираи хатсайр аз ҷониби роҳбаладон вобаста ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ҳангоми саёҳат ба иштирокчиён барои саҳми арзанда гузоштан дар тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои пойтахти мамлакат изҳори сипос карда шудааст.
Хатсайри сайёҳӣ аз назди Майдони 80-солагии Москва, назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз гардида, ба самти Майдони Истиқлол ва Осорхонаи таърихии Душанбе (Маҷмааи Истиқлол) ҳаракат намудаву иштирокчиён ин осорхонаро низ тамошо кардаанд.