Formula novemver 2024
Ташаккур, отаҷону очаҷон!
1303

 

Ман Сабрина, дар оилаи нафарони зиёӣ ба дунё омадаам. Ману апаам бо вуҷуди он ки бо сару либоси аврупоӣ мегаштем, вале аз хати кашидаи волидон берун намебаромадем. Падарам дар тарбияи мо хеле сахтгир буданд.

Вақте ки мактабро хатм мекардам, бо ҷавоне шинос шудам. Волидони ману волидони Акмал аз вохӯриҳоямон хабар доштанду бояд моро фотеҳа мекарданд. Дар вохӯриҳое, ки мо анҷом медодем, ба Акмал имкон намедодам ба ман наздик шавад. Аз ин корам ба ғазаб омада, пайваста мегуфт, ки рафиқонаш бо дӯстдоштаҳои худ ҳамхоба мешаванд ва ин амалро нишонаи муҳаббати духтар мешуморид.

Боре Акмал дар кӯча маро маҷбур бӯсиданӣ шуда, дар ҷавоб аз ман як шаппотӣ хӯрд. Дӯстдоштаам чанд муддат бо ман қаҳрӣ шуд. Ман ҳам ҳушу ёдамро ба хондан гирифта, ӯро кам-кам фаромӯш кардам. Чунин рафтори ман боиси қаҳру ғазаби Акмал гардиду аз пайи ниқоргирӣ шуд.

Ӯ доим пеши роҳамро гирифта, таҳдид мекард, ки агар бо ӯ гап назанам, дар бораи ман гапу овозаҳои дурӯғ паҳн карда, обрӯямро мерезонад. Ҳатто назди волидонам омада, чӣ гапу туҳматҳое дар ҳаққи ман накард. Хушбахтона, дар ин шабу рӯз волидони дурандешам, ки ба мо- фарзандонашон боварӣ доштанд, маро дастгирӣ карданду Акмалро аз дари хонаамон шармандавор пеш карданд.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

БА ФАРЗАНД АЛЛАВУ АФСОНА ГУФТАН ЧИ ФОИДА ДОРАД?

Баъди чанде бо ҷавони дигаре шинос шуда, ба шавҳар баромадам. Ҳоло зиндагии хубу осоишта дорам. Аз он ки аз Акмал барин номард бо сари баланд халос шудам, аз волидони худ миннатдорам. Ба духтарон гуфтанӣ ҳастам, ки ҳеҷ гоҳ ба доми чунин ошиқони худхоҳ наафтанду ҳаёти худро насӯзонанд.

Сабрина, аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД