Formula novemver 2024
Тарзи пӯхтани “Шоҳ – палов”
681

 

            Маҳсулоти лозима:

50 грам – маска

3 стакон – биринҷ

4,5 стакон – об

Гушти мурғи обпазшуда

Намак, нахӯд,мавиз, приправа (хокаи мурчу зира)

Маҳсулоти хамир:

2 дона – тухм

3 қошуқ – ҷурғот

1 қошуқча – намак

10 грам – маводи кововкунанда

Ним стакон - равған

3 стакон – орд

                             Тарзи таҳия:

Гушти мурғро обпаз карда, обашро барои ош мегирем. Дар зарф маска илова карда ба он мавиз ва нахӯд илова карда, мемонем каме ҷӯшад. Баъдан ба он 3 стакон биринҷро пешаки ним соат дар оби намакдор тар мекунем ва ба зарф илова карда, намак ва хокаи мурчу зира илова карда омехта мекунем. Ба 3,5 стакон об 1 стакон оби гушти мурғи ҷӯшонидашударо илова мекунем ва дар умум 4,5 стакон мешавад ва ба зарф илова карда омехта мекунем. Обашро ки кашида гирифт баъдан дар оташи паст 10 дақиқа дам мегирад. Ва ногуфта намонад ки шумо метавонед ошро ба табъи дили худатон тайёр кунед, метавонед ба ҷойи гушти мурғ гушти гов илова кунед, сабзӣ ва пиёз низ илова карда метавонед. Ба қолаб маска мекунем ва 10 дақиқа дар яхдон мемонем. Барои хамираш бошад дар зарф 3 қошуқ ҷурғот, 2 дона тухм, ним стакон равған, 1 қошуқча намак, маводи ковокунанда ва орд илова карда, бо дастамон зуволаро омехта мекунем. Зуволрао мемонем дам гирад. Гушти мурғро майда карда, ба ош ҳамроҳ мекунем. Баъдан бодомҳои бенамакро дар оби ҷӯшомада тар мекунем ва пӯстҳояшро ҷудо карда, қолабро аз яхдон мегирем ва дар қолаб барои оро додани зувола бодомҳоро ба шакли гул мемонем.

2_3

Баъдан хамирро ба 2 қисм ҷудо мекунем камеашро барои болояш мегузорем ва қисми дигарошро тунук мекунем. Зуволаро ки тунук кардем озод ба болои қолаб мегузорем то ки бодомҳо наафтанд. Ва баъдан ошро ба қолаб меандозем.

3_1

Баъдан боқимондаи хамирро бурида мегирем ва зуволаи дуюмро тунук карда дар болояш мегузорем. Дар тафдон дар ҳарортаи 180 дараҷа то сурх шуданаш меистад. Шоҳ – палов ки сурх дар зарф мегирем.

4_1

Тайё ки шуд хело болаззат мебарояд.

Бо иштиҳои том!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД