Formula novemver 2024
Таронаи нави Юлдуз чӣ маънӣ дорад?
15.10.2022
ОИЛА
1083

 

Як ҳафтаи охир таронаи тозаэҷоди сарояндаи саршиноси узбек Юлдуз Усмонова таҳти унвони “Тоҷикӣ медонед?” дар тамоми сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, ба зудӣ машҳур гашт. Оҳанги суруд хеле ҷаззоб асту барои мо- ҷавонон бениҳоят писанд омад.

Ман сурудҳои тоҷикии ин ҳунарманди мумтозро дӯст медораму мухлиси тамоми ашъори тозанашраш ҳастам, вале азбаски забони узбекиро чандон хуб намедонам, маънии таронаи охирини ӯро ҳеҷ дарк карда натавонистам. Юлдуз дар таронаи наваш чӣ гуфтааст?

Далер.

Посух

Юлдуз Усмонова, яке аз маҳбубтарин ва тобонтарин ситораҳои эстрадаи муосири ӯзбек ҳафтаи гузашта таронаи навашро бо номи “Тоҷикӣ медонед?” нашр кард. Юлдуз ин таронаро ҳамроҳ бо овозхони ҷавони тоҷикзабони зодаи Ӯзбекистон Малик иҷро кардааст. Тарона аллакай дар як рӯзи аввал ва танҳо дар канали расмии Юлдуз Усмонова дар Ютуб наздики 300 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст.

“Тоҷикӣ медонед?” бо як лаҳни шӯху сабук дар сабки машҳури бандарӣ иҷро шуда, тавре аз номаш бар меояд, пиромуни забони тоҷикиро донистан ё надонистани Юлдуз аст. Ин ситораи эстрадаи ӯзбек дар Тоҷикистон низ мухлисони зиёддорад, ки ба хотири онҳо чандин таронаро ба забони тоҷикӣ ҳам иҷро кардааст.

Юлдуз ва Малик дар таронаи “Тоҷикӣ медонед?” аз ҷумла чунин сатрҳоро мехонанд:

Малик:

Тоҷикӣ медонед?

Каме, духтар, гап занед!

Юлдуз:

Ман тоҷикча намедонам,

Тушунаману лекин кам-кам.

Ман тоҷикча намедонам,

Гапраманулекин кам-кам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД