Афғонистони азияткашида мисли модари синачок боз ҷомаи сиёҳи мотамӣ ба бар намуда, ҷисми пора-пора шудаи фарзандони худро бо дидаҳои ашкбор ба хок месупорад. Субҳи имрӯз дар пойтахти ин сарзамини ҷафокашида боз ду таркиши маргбор сар зада, ҷони даҳҳо одамони бегуноҳро рабуд.
Тавре ки РИА-Новости хабар додааст, таркиши аввал дар назди бинои беморхонаи Муҳаммад Довуд Хон, ки дар қарияи Вазир Акбар Хон воқеъ гаштааст, субҳгоҳон садо дода, ҷони чандин танро рабудааст. Ёдрас мешавем, ки намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон маҳз дар ҳамин маҳалла воқеъ гаштаанд.
Ба иттилои хабарнигорони “Известия” аз ҷойи ҳодиса, пас аз ин боз як таркиши дигари фоҷиаангез садо дода, баъдан террористон дар бинои беморхона камин гирифтаанд.
Дар натиҷаи ин ду таркиши террористии маргзо 23 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 50 тан захмӣ шудаанд.
Ин амали террористӣ ба қавли ВАО кори ҷангиёни ташкилоти мамнӯъи “Давлати исломии Хуросон” мебошад, ки як ҷузъи ташкилоти экстремистии “Давлати исломӣ” аст.
Ба баталиони махсуси Кобул муяссар гашт, ки террористонро бе зарар гардонад, аммо вазъият дар Афғонистон хеле муташанниҷ гаштааст.
Ёдрас мешавем, ки ин аввалин амали террористӣ набуда, танҳо дар як моҳи охир дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон чандин таркишҳои маргзо сар заданд. Рӯзи 15-октябр масҷиди шиамазҳабон дар Қандаҳор дучори ҳамлаи террористӣ гашта, бар асари он 63 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 83 тан захмӣ шуданд. Як ҳафта пештар, санаи 8-уми октябр ҳангоми хондани намози ҷумъа дар масҷиди Саидобод дар Қундуз таркиш ба амал омада, бар асари ин амали террористӣ 150 кас ҳалок шуданд ва 200 нафар захм бардоштанд.