Formula novemver 2024
Тарбузи калонтарин дар ҷаҳон
28.07.2024
ОИЛА.ТҶ
972

Тарбузи калонтарини ҷаҳонро марди амрикоӣ Крис Кент парвариш кардааст. Навъи тарбузи Каролина Кросс қариб 159 килограмро дар бар гирифта, дар ҷаҳон калонтарин эътироф шудааст.

Крис Кент дар иёлоти Теннесси аз кӯдакӣ бо парвариши тарбуз машғул буда, ин шуғлро аз бобояш мерос гирифтааст. Ба гуфтаи Крис асрори муваффақияти ӯ интихоби тухмии босифат ва нигоҳубини дурусту пайваста аст.

Тухмиеро, ки Крис истифода мебарад, соли 1950 бар асари дурагакунии чор навъи гуногуни тарбуз пайдо шудааст.

Крис алакай дар чандин фестивалҳо ширкат варзида, бо тарбузҳои парваридааш ғолиб омадааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД