Муаттара Насриддинова дар “Инстаграм” бо тахаллуси эҷодии Taraddinova маъруф аст ва ҳама наворҳояш бо шавҳараш Некрӯз Худойбердиев таҳия мешаванд. Мехоҳед бидонед, ки Муаттара пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, матлаби моро мутолиа намоед.
Муаттара Насриддинова пеш аз машҳур шудан чӣ гуна буду ба чӣ кор машғул буд? Тавре худи ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, пеш аз блогер шудан дар кошонаи ҳусн ба ҳайси маъмур фаъолият мекардааст.
Ӯ соли 2017 бо Некрӯз шинос шуда, дар баробари кори кошонаи ҳусн ба кори блогерӣ машғул мешавад. Ӯ аз аввал мехост фаъолияти блогерӣ дошта бошад, аммо имкон набуд, вале чун чанде аз духтарони тоҷик ин корро оғоз карданд ва ӯ дарк кард, ки метавонад ҳамроҳашон ба ин кор машғул шавад, бо шавқи зиёд ба ин соҳа ворид гардид.
Айни ҳол Муаттара Насриддинова дар “Инстаграм” 854 ҳазор обуначӣ дошта, наворҳои нашркардаашро садҳо ҳазор нафар мебинанд. Яъне, ӯ ҳоло яке аз фаъолтарин, машҳуртарин ва хушномтарин блогерони тоҷик мебошад.