Ҳукуматдорони Анамбра дар қисмати ҷанубии Нигерия тарабхонаеро маҳкам карданд, ки дар он аз гӯшти одам хӯрок мепухтаанд. Дар рӯихати хӯрокҳои тарабхона ҳатто калабирёни одамиро дидан мумкин буд. Ҳангоми кофтукови бино кормандони пулис ду калаи яхкардаи дар салафан печонидашудаи одамро пайдо намуданд. Сирри одамкушӣ ва аз гӯшти одам хӯрок пухтани ин тарабхонаро агар як руҳонӣ фош намекард, шояд разилон корашонро давом додан мегирифтанд. Вақте аз руҳонӣ барои хӯроки хӯрдааш маблағи калон талаб карданд, ба ҳайрат омада аз пешхизмат сабаб пурсид. Дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд, ки хӯроки хӯрдааш аз гӯшти одам пухта шудааст.