Салом! Мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то ки ба дигар оилаҳои ҷавон дарси ибрат гардад.
Дар ҳаёт аз дасти пайвандони шавҳарам ранҷу азоби зиёд кашидам. Маро ҳам хоҳаршӯву ҳевар ва ҳам хушдоманам бисёр азоб медоданд. Онҳо маро аслан одам ҳисоб намекарданд ва нисбатам таҳқиру беадолатиро раво медиданд. Муддати 15 соли ранҷу азоб шавҳарам боре маро пуштибонӣ накарду ақаллан кӯшиш накард, ки бароям зиндагии осударо таъмин намояд.
Ман танҳо вақте ба кор даромада, пулёб шудам, қоматамро рост кардаму фарзандонамро дигар хор шудан нагузоштам. Вале меҳру муҳаббате, ки мани 18-сола бори аввал дар таги чодари арӯсӣ нисбати шавҳарам пайдо карда будам, аз бепарвоиву хомӯш истоданҳои шавҳарам ба нафрат мубаддал гашт.
Баъди аз сар гузаронидани хориву зориҳо наметавонам бо шавҳарам меҳрубон бошам. Ӯ бароям танҳо падари фарзандон асту халос. Шавҳарам сардии маро дида, гумон мекунад, ки шояд бо марди дигаре алоқа дошта бошам, вале ҳеҷ гоҳ фикр намекунад, ки дар сард шудани ман танҳо ва танҳо худи ӯ гунаҳкор аст.
Аз ин рӯ, аз шумо бародарони гиромӣ хоҳиш мекунам, дар кадом ҳолате, ки набошад, зани худро аз ҳуҷуми наздиконатон ҳимоя кунед. Волидон ва наздикони шумо ҳаққу ҳуқуқи ба зиндагии шумо дахолат карданро надоранд. Хушбахтӣ мехоста бошед, ба касе имкон надиҳед, ки завҷаи шуморо ранҷонад, зеро мард ягона пушту паноҳи зан аст.