Дини мубини Ислом мақому манзилати эҳсонро баланд бардошта, бо ихлоси Худованд ҳамроҳ кардаву фармудааст, ки ихлосу эҳсон беҳтарин зеваре аст, ки бандаи муъмин худро бо он ороста менамояд. Дар ояти 22–юми сураи «Луқмон» баён мекунад ва мефармояд:
«Ва ҳар ки рўйи худро ба суӣ Худо бигардонад ва вай некўкор бошад, пас, ҳамоно ба дастовезе устувор даст задааст. Ва бозгашти корҳо ба сўи Худо аст». Худованди бузург мардумро ба эҳсону накўкорӣ ташвиқу тарғиб карда, дар ояти 160 сураи «Анъом» мефармояд:
«Ҳар ки некие оварад, ўро даҳчанд подош аст». Касе ки кори хубу некеро холисан анҷом диҳад, Парвардигор ба ивази ҳамон кори некаш ўро даҳчанд, яъне даҳ баробар зиёдтар подош медиҳад, ки ин ҳама аз рўи меҳрубонӣ ва ғамхории Ў нисбати бандагони хайрхоҳу некаш мебошад.
Худо мегӯяд: Ба волидонатон накӯӣ кунед
Касоне, ки бештар аз ҳама сазовор ва мустаҳиқи эҳсон ҳастанд, Худованд онҳоро ба мо муаррифӣ намудааст. Аввалини онҳо волидайн, яъне падару модар мебошанд, зеро онҳо дорои ҳаққи зиёд ва бузург бар фарзандонашон мебошанд. Ҳатто Қуръони карим танҳо ба эҳсону некўӣ ба падару модар иктифо накарда, балки тарз ва чигунагии рафтору муоширати фарзандон ба волидайнро бо беҳтарин ва волотарин шеваи ахлоқӣ мушаххас карда, дар оятҳои 23-24 сураи «Исро» мефармояд: «Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед, ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи онҳо пир шуданд, камтарин иҳонате (аз нороҳатӣ оҳи сар кашидан) бар онҳо макун ва бар онҳо фарёд мазан ва меҳрубононаю санҷида ва бузургворона бо онҳо сухан гўй (23). Аз сари лутфу меҳрубонӣ ба онҳо фурӯтанӣ кун ва бигўй: Парвардигоро! Ҳамон гуна, ки онҳо маро дар хурдӣ тарбият карданд, ту ҳам ба онҳо раҳм кун.(24)»
Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки муҳаббат ва эҳсону накўӣ кардан ба падару модар нафақат дар даврони пирии онҳо бошад, балки оятҳои ёдшуда бар муҳаббат ва эҳсону накўӣ кардан дар ҳамаи замонҳо ба хусус дар даврони пиронсолагӣ таъкид ва супориш мекунад. Ҳаққи падару модар он қадар зиёд аст, ки дар ояти 151 сураи “Анъом” некӣ ба падару модар дар канори масъалаи муҳими парастиши Худо баён шудааст. Дар ин оят чунин омада аст:
... “Чизеро шарики Худо қарор надиҳед ва ба падару модари худ некӣ кунед”. Дар ояти 14 сураи “Луқмон” низ, Худованд шукри худро дар канори ташаккуру қадрдонӣ аз падару модар оварда, чунин мефармояд : “Шукри маро ба ҷой овар ва аз падару модарат сипосгузорӣ кун”.
Ятимпарастон бо ман якҷоянд
Мо ҳамагон медонем, ки яке аз дигар навъҳои эҳсон ва кори нек анҷом додан, ин дастгирӣ намудани ятимон, бенавоён, фақирон ва бечорагон мебошад, ки онро дини мубини Ислом тарғибу ташвиқ менамоянд ва фоъили онро дар ин дунё ва дар охират аз ҷумлаи растагорон меҳисобанд. Паёмбар (с) дар ин бора гуфтаанд: «Ман ва он касе, ки ятимеро ба кафолат мегирад, фардо рўзи қиёмат ҳамроҳии ман якҷоя мебошад», дар ҳоле ки бо ду ангушташ ишора менамуданд. Мусаллам аст, ки ҳама намуд ибодатҳо барои дарёфтани розигии Худованд буда, бо умеди бандагӣ, аҷр ва савоб иҷро мешаванд. Дини мубини Ислом ҳеҷ гоҳ барои инсон амреро фарз ва ё воҷиб намегардонад, ки ў аз уҳдаи иҷрои он набарояд.
Роҳбари давлат низ ҳамеша ғамхори ятимону бечорагон ва камбизоатону бенавоён буда, пайваста дар паёмҳои худ ба мардуми эҳсонкор ва саховатпешае, ки пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дасти кўмак дароз мекунанд.
Парвардигор мулку мамлакати моро аз офатҳо нигаҳбон бошад ва раҳмату баракати худро аз ин сарзамин дареғ мадорад. Худовандо, мардуми ин диёрро зиндагонии орому саодатмандона дар дунё ва сарбаландию наҷоти рўзи қиёматро насибу рўзӣ бигардон! Худоё, беморонро шифо, фақирону камбағалонро ризқу рўзию наво, гирифторону корафтодагонро ҳоҷат раво бигардон! Омин, ё Раббал-оламин.