arzon replenishment
Таҳмина Раҷабова ба табибон изҳори ҳамдардӣ кард
1683

 

Собиқ ровии телевизион ва ҳунарпешаи синамо Таҳмина Раҷабова навореро нашр кардааст, ки дар он ба табибони ҳозиқи кишвар изҳори ҳамдардӣ мекунад. Ҳунарпеша аз мардуми кишвар даъват ба амал овардааст, ки худро эҳтиёт кунанд, то кори табибон сабуктар шавад.

Ӯ мегӯяд, ҳамроҳи оилааш пайваста дар ҳаққи духтурон дуои нек мекунанд. “Дар ин лаҳзаҳои мушкилӣ фикр накунед, ки танҳо ҳастед. Оилаи мо шабу рӯз дар ҳаққи шумо дуои нек мекунанд ва фикр мекунам, ки тамоми мардуми тоҷик дар ҳаққи шумо дуои нек карда истодаанд. Мо медонем, ки шумо ба касе модар, ба касе падар, ба касе фарзанд ва ба каси дигар азиз ҳастед. Илтимос, шумо фикр накунед, ки танҳоед. Ман шуморо дастгирӣ кардан мехоҳам ва гуфтаниям, ки мо дар фикри шумо ҳастем. Дуо мекунем, худро эҳтиёт мекунем, ки кори шумо камтар шаваду зиёдтар не, то шумо зудтар аз ин ҳолат бароеду сиҳату саломат ба оилаҳоятон баргардед”,-мегӯяд, Таҳмина Раҷабова дар навор бо садои гиряолуд. Таҳмина Раҷабова дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи шаҳри Маскав ба номи Сергей Ҳеросимов таҳсил мекард ва баробари эълон кардани карантин дар ҳудуди ин кишвар бо хатсайри махсус санаи 23-юми март ба Ватан баргашт. Сар аз 24-уми март дар Осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм”-и ноҳияи Варзоб ба карантин фаро гирифта шуд ва пас аз 14 рӯз баъди он ки нишонаҳои “коронавирус” дар вуҷудаш дида нашуд, ба назди хонаводааш баргашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД