Хоб дидам, ки шавҳарам маро талоқ додааст ва зор-зор гиря карда истодаам. Муносибатҳоямон бо падари фарзандонам хуб аст, вале аз рӯзе, ки чунин хоб дидаам, орому қарор надорам.
Метарсам, ки ягон ҳодисаи ногаҳонӣ рӯй дода, оилаам вайрон нашавад. Мехоҳам донам, ки талоқ дар хоб чӣ таъбир дорад?
Маслима, аз ноҳияи Варзоб.
Посух
Тибқи дастуроти ислом мард, агар хоб бинад, ки ҳамсарашро талоқ додааст, бояд ин хобро ба касе нақл накунад ва калимаи талоқро ба забон нагирад, то ки талоқ воқеъ нагардад, вале зан хоб бинад, ки шавҳараш ӯро талоқ додааст, чандон фоли бад нест. Дар бархе аз хобномаҳо омадааст, ки агар зан талоқ хоб бинад, ин маънои онро дорад, ки дар ҳама ҳолат Худованд такягоҳи ӯст, вале...
Зани шавҳардоре, ки талоқ хоб мебинад, бояд аз хурдагирӣ нисбати шавҳараш худдорӣ намояд, зеро моҷарои хурдтарини оилавӣ низ боиси ҷанҷоли калон ва дилсиёҳӣ гашта метавонад. Ба таъбири дигар талоқ дар хоб як навъ ҳушдор аст, ки зану шавҳар ба муносибатҳои оилавии худ диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро бо сабаби дахолати шахсони сеюм байни онҳо ҷангу ҷанҷол сар зада метавонад.
Дар чунин ҳолат ҳамсарон, махсусан зан бояд кӯшиш кунад, ки ҳарчи бештар ба ҷуфти худ меҳрубонӣ намояд ва манзилашро ба як макони саршор аз шодию хурсандию бахт табдил дода, иҷозат надиҳад, ки дигарон ба ҳаёти оилавии онҳо дахолат кунанд ва ба ҷоми саодаташон заҳри туҳмату иғво бирезанд, яъне ба гапи мардум дода нашавад.
Таъбиргарони дигар мегӯянд, агар зан талоқ хоб биданд, ин чунин маъно дорад, ки муносибатҳои оилавиаш бо шавҳараш хуб нестанд ва ҷангу ҷанҷолу моҷароҳои пайвастаи хонаводагӣ ӯро ончунон хаста кардаанд, ки зиндагӣ дар назараш зиндон менамояд ва мехоҳад аз он раҳоӣ ёбад, аммо худаш инро дарк намекунад.
Дар иддаи дигари хобномаҳо омадааст, ки талоқ дар хоб нишонаи нобоварӣ ба ҷуфти худ аст. Шумо гумони бад мебаред, ки ҳамсаратон шояд бо каси дигар робитаи ошиқона дошта бошад, дар болоятон зани дуюм мегирад ё ҳамеша фиребатон медиҳад ва чунин андешаҳои мағшуш боиси дидани хобҳои бад аз қабили талоқ гашта метавонанд.