Мегӯянд, ки агар шахсеро ба дини мубини ислом ҳидоят намоӣ, савоби зиёд мегирӣ. Мехоҳам донам, ки вақти маргаш дар болои сари шахси ғайримусулмон истода, калимаи шаҳодатро талқин кардан дуруст аст, то имон биёрад ё не?
Абдуллоҳ, ш. Кӯлоб.
Талқини калимаи шаҳодат ба шахси ғайримусулмон дуруст аст, чунонки Расули акрам (с) дар болои сари як писари яҳудӣ талқини шаҳодат намуданд ва ў имон овард.
Ҷамолиддин ХОМӮШӢ,
сардори Раёсати фатвои Шӯрои уламо