Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои солинавиро манъ кард. Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ дар ин бора дирӯз нашр шуд.
Дар асоси ин қарор гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла гузоштании арчаи солинавӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар маъракаҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд.
“Сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад”, - навишта шудааст дар матни қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ.
“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаи бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд”, - омадааст дар қарор.
Дар асоси ин қарор Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор шудааст, ки ҷиҳати пурзӯр кардани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия барои пешгирӣ кардани сирояти нави коронавирус дар маҳалҳо чораҳои иловагӣ андешад.
Ҳамзамон, дар асоси қарор вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм уҳдадор шудаанд, ки риояи қоидаҳои санитарии шахсиву ҷамъиятиро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ боз ҳам қатъӣ назорат намоянд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 дар ҷаҳон аз шаҳрвандон хостааст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд. Аллакай ирсоли паёмакҳои огоҳикунанда ба сокинон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оғоз шудааст.
Дар пайи ин қарор мо бо чанде аз сокинони кишвар ҳамсуҳбат гашта, назарашонро пурсидем. Аз миёни ҳамсуҳбатони мо аксаият ин қарорро бо хушнудӣ пазируфтанд.
Умедҷон Султонзод ҳунарманди ҷавони театру синамо гуфт аз шунидани ин тасмими Ситод шод шуд. “Агар бо ин роҳ каме ҳам бошад пеши роҳи паҳншавии беморӣ гирифта шавад, мо розием, ки Соли Навро соли дигар бо дабдаба ҷашн гирем, насиб бошад”.
Умедҷони Султонзод - ҳунарманди театру синамо
Ба гуфти Умедҷон, ки 15 соли охир бинобар сабаби банд будан дар чорабиниҳои ҳунарӣ ягон маротиба ин ҷашнро дар ҳалқаи пайвандон таҷлил накардааст, барои ҳунармандон имконияти хубе фаро расид, ки акнун онҳо метавонанд дар хона дар дастархони оддии хоксора ин чорабиниро қайд кунанд. Боз хуб шуд, ки ақаллан ҳамин сол дар хона дар атрофи оила соли нароа ҷашн мегирем, чунки давоми 15 соли охир шоми соли нав ягон маротиба дар хона набудам
Умед Кучкалиев, тарроҳи маъруфи тоҷик, ки ҳоло дар худинзивоӣ қарор дорад, дар пайи нашри ин қарор гуфт, бо ин васила мо худу атрофиёнамонро аз хатари сироятёбӣ ҳифз мекунем.
Умед Кучкалиев - тарроҳ
“Ман гуфтанӣ ҳастам, ки сокинон бештар худро ҳифз кунанд ва дар хона шинанд. Ин иқдом на танҳо барои ҳимояи худ, балки ҳифзи саломатии оила, наздикон ва муштариён аст. Фикр мекунам дар ин рӯз маҳдудиятҳо на он қадар қатъӣ мешаванд, вале ҳар нафар бояд худаш дар ин бора андешау баъд ӣтасмим гирад", - гуфт Умед Кучкалиев.
Шодӣ Муродов як тан фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин иқдомро муҳим хонд ва гуфт беҳтар аст маблағи хароҷоти идона ба хона – интернатҳо ва муассисаҳои бепарасторон дода шавад.
Шодӣ Муродов - фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ
“Иқдоми хеле хуб. Ман аслан ҷонибдори ҷашн гирифтани Соли Навам, аммо бо дарназардошти вазъи кунунии эпидемиологӣ фикр мекунам ин беҳтарин тасмими Ситоди дахлдор аст. Пешниҳод дорам, ки ҳама хароҷоте, ки барои оростани арчаҳои солинавӣ ва ҷашнвораҳои тарабангез сарф мешуданд, куллан ба хонаи ятимону бепарасторон тақсим карда шаванд, зеро ҳар ид ва ҳар ҷашн бешак барои ин афрод баҳонаест барои эҳсоси саодатмандӣ намудан”, - гуфт Шодӣ Муродов.