Баргузор намудани ҷашни солинавӣ, чойнӯшӣ ва дигар маҳфилҳои идона бахшида ба фарорасии Соли Нави мелодӣ дар тамоми мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ - боғчаҳои бачагонаи Тоҷикистон манъ аст. Дар ин бора масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар зимни суҳбат бо журналистон иттилоъ додаанд.
Ба ҷойи маҳфилҳои солинавӣ Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили дар байни кӯдакону наврасон гузаронидани мусобиқаҳои шеърхонӣ, рамскашӣ ва соатҳои тарбиявиро тавсия додааст. Барномаҳои солинавӣ маҳдуд карда намешаванд, дар сурате, ки ба ҷараёни таълим пайваст бошанд.
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе алакай арчаи солинавӣ гузошта шудааст ва кӯдакону наврасон метавонанд ҳамроҳи волидонашон дар барномаҳои фарҳангие, ки дар ин нуқтаҳо мегузаранд, иштирок намоянд.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2012 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузор намудани маҳфилҳои солинавиро дар мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ манъ кард ва ин тартибот то имрӯз побарҷост. Ин тасмим баъди шикояти бархе аз волидон гирифта шуд, ки аз ҷамъ кардани маблағ барои маҳфили солинавӣ дар мактабҳо ва боғчаҳои бачагона шиква доштанд.