Наврӯз ҷавон кард ба дил пиру ҷавонро,
Бахшид ҷавонии дигар ҷумла ҷаҳонро.
Иди Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои мардуми тоҷик буда, ин ҷашни фархундаро дигар қаву миллатҳо низ ботантана ҷашн мегирранд. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Аз ҳамин хотир мо ба шуом дар бораи баъзе оинҳои наврӯзии мардумни Осиёни Миёна маълумот медиҳем.
Наврӯзро дар Қазоқистон дар санаи 22-юми март ҷашн мегиранд. Дар замонҳои қадим дар ин кишвар анъанае неке буд, писарбачаҳои дар ин рӯз ба дунё омадаро Наврӯзбой, духтарчаҳоро бошад Наврӯзой ном мениҳоданд. Мегӯянд, ки кӯдаки дар Иди Наврӯз таваллудшуда бой мешавад ва умре ӯро нишоту шодӣ ҳамсафар мегардад. Имрӯз дар Қазоқистон қабл аз Наврӯз одамон қарзҳояшонро баргардонида, хонаву дарашонро тоза мекунанд, либосшӯйӣ мекунанд, то ба соли нав поку бегазанд ворид шаванд. Дастурхони идонаи қазоқҳоро суманак, шир, оби чашма ва ҳалво зиннат медиҳад. Мардум даста-даста ба сайругашт мебароянд. Қаҳрамонҳои афсонаҳои қазоқӣ бо ҳар гуна бозиҳои аҷиб хотири шаҳрвандонро болида месозанд. Гӯштингирӣ ва базми шеър аз муҳимтарин бозиҳои наврӯзӣ ба шумор мераванд.
Наврӯз дар Узбекистон
Наврӯзро дар Узбекистон асосан рӯзи 21 март пешвоз мегиранд, вале сайру гашту базмҳои наврӯзӣ боз 15-20 рӯзи дигар давом мекунанд. Омодагӣ ба ид вақти зиёдро талаб мекунад. Дар тамоми кишвар ҳашар эълон мекунанд– одамон на танҳо хонаҳо, балки кӯчаву боғу роғҳоро рубучин намуда, дарахтонро сафед мекунанд. Дар тамоми чойхонаҳо дар дегҳои калон туғрама-ош, сумалак, ҳалим (гандумкуча) мепазанд. Ба сағераву камбизоатон туҳфа медиҳанд, зеро мардуми узбек боварӣ доранд, ки хайри дар ин рӯз карда се карат афзун гашта ба соҳибаш бармегардад.
Наврӯз дар Қирғизистон
Қирғизҳо дар иди Навруз, ҳатман «нооруз кёҷё» мепазанд. «Кёҷё» -шавлаест аз ярмаи ҷав (перловка) ё гандум пухташуда. Дар ин рӯз боз хӯроки «ауз кёҷё» мепазанд, ки номи дигараш «кавут» аст. Дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба шарофати ҷашни Наврӯз дар Қирғизистон фестивал баргузор мегардад.
Наврӯз дар Туркманистон
Туркманҳо рӯзи аввали соли навро Наврӯз меноманд. Панҷ –шаш рӯз пеш аз Наврӯз таркманҳо хонаҳои худро тоза карда, барои ид нону дигар хӯрокҳои миллӣ мепазанд. Дар рӯзи Наврӯз аксари мардуми туркман ош мепазанд. Дар ин кишвар ақидае роиҷ аст, ки ҳар қадар дар рӯйи дастурхони наврӯзӣ хӯрокаи бисёр бошад, ҳамон қадар сол серу пур мегузарад. Хӯроки асосии наврӯзии туркманҳо «семени» буда, аз орд, об ва шакар пухта мешавад. Ин таом рамзи ваҳдату якдилӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳамин сабаб чанд оила якҷоя шуда «семени» мепазанд. «Семени»-ро як рӯз қабл аз ид ба дег меандозанд, то ки саҳари Наврӯз, яъне 21 март омода гардад.