Пагоҳ, 3-юми июн, соати 18:00 дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ҷашни 90-солагии ҳунарпеша, коргардон, драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов баргузор хоҳад гашт.
Тӯрахон Аҳмадхонов 1-уми июни соли 1935 дар деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1960 шуъбаи актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав ва соли 1971 курси олии коргардонии Театри марказии тамошобини навраси шаҳри Маскавро хатм намудааст.
Ин сарсупурдаи санъат фаъолияти ҳунариашро аз Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, соли 1960 ҳамчун ҳунарпешаи боистеъдод ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор гузаштааст. Тӯрахон Аҳмадхонов натанҳо ҳамчун актёр, балки ҳамчун коргардон низ маҳорати баланд дошт ва ҳамин қобилиятҳои беназирашро ба назар гирифта, соли 1970 ӯро саркоргардони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон таъин карданд.
Аммо тамоми ҳастии Тӯрахон Аҳмадхонов бо Театри Лоҳутӣ пайванд буд ва ҳамин меҳру муҳаббат боис гашт, ки соли 1975 дубора ба театри дӯстдоштааш баргардад.
Тӯрахон Аҳмадхонов беш аз 65 соли умри пурбаракаташро ба ин театр бахшида, дар саҳнаи театр ва кино нақшҳои ҷолиби зиёде офаридааст, ки Кайковус аз намоишномаи «Рустам ва Суҳроб»-и Ғанӣ Абдулло, Турио аз "Ду веронагӣ”-и Шекспир, Куйбишев аз «Ҳуррият»-и Ғанӣ Абдулло, Хоҷа аз «Хизматгори ду хоҷа»-и Голдонӣ, Искандар аз «Мурдаҳо»-и Урдубодӣ, Эраҷ аз «Эраҷ-паҳлавон»-и Шамсӣ Қиёмов аз ҳамин зумраанд.
Ин марди ҳунар дар филмҳои машҳури «Достони Сиёвуш» (1976), «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна» (1969), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1979), «Буду набуд» (2001, муаллифи филнома) ва силсилафилмҳои телевизионии «Муҳаббат» (2008) ва «Беҳуда хорам мекунӣ» (2009) нақшҳои олиҷаноб бозидааст.
Тӯрахон Аҳмадхонов дар баробари актёрӣ хуб будан, ҳамчунин коргардони боистеъдод буда, намоишномаҳои «Ҷон модаракон»-аз рӯйи асари А. Қаҳҳор, «Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов, «Баҳори понздаҳум»-и Зак ва Кузнетсов, «Бонги хатар»-и А. Атобоев, «Муаллими рақс»-и Лопе де Вега, «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, «Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер, «Бахтатро бедор кун»-и Н. Бақозода, «Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев, «Ганҷи ранҷ», «Чаманзори ваҳдат»-ро таҳия кардааст.
Синну солаш ба ҷое расида бошад ҳам, ин марди ҳунар то ба ҳол машғули эҷод буда, намоишномаи наверо бо номи “Меҳргиёҳ” эҷод кардааст, ки пагоҳ, дар ҷашни 90-солагии Тӯрахон Аҳмдахонов пешкаши тамошобинони сершумор мегардад.