shoh palace
Таксисти мардумфиреб
3060

 

Ман Каримов Карим, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Донишҷӯям. Рӯзе аз назди гузаргоҳи зеризаминии бозори «Саховат» таксии хатсайри «Садбарг» - ро, ки рақами давлатиаш 2125 тт 01 буд, нигоҳ дошта нишастам.

Бо худ як ҷузвдони пуштакиву як ҷузвдони дастакӣ доштам, ки дар дохилаш ноутбук буд. Азбаски пули майда надоштам, ба ронанда 5 сомонӣ дароз кардам. Ҳамин тавр то бозори «Султони кабир» омадем, вале ғайри ман ягон мусофири дигар ба таксӣ нанишаст. Ронанда роҳро убур карда бо роҳи «Комбинати гӯшт» ба Садбарг рафтанӣ шуд, вале дар ин роҳ ҳам касе мошинашро нигоҳ надошт. Вақти фаромадан ман бақияи пуламро талаб кардам, аммо шофёр ба сарам дод зада гуфт: «А бача, ягон одам нашид, ҳамин қадар меша охӣ!»


МОҶАРОИ ХОНА ВА МАРГИ ТИФЛИ 1-СОЛА(ВИДЕО)


Дар ҷавоб оромона ба ӯ фаҳмондам, ки ба клиент наёфтани ӯ ман гунаҳкор нестам, охир ман талаб накардаам, ки маро танҳо баред-ку! Ронанда зуд баҳонаи дигар ёфта гуфт: «Ҳаққи борота фикр намекнӣ, чӣ и мошини ма ба тура ягон харай? Ягон таксӣ тура ба ин қадар бор ба се сум намебара…» Ҳарчанд фаҳмондам, ки ака, ман донишҷӯям ва доим бо нархи 4 сомонӣ меравам, ронанда ду пояшро ба як мӯза андохта, бақияи пуламро додан нахост ва ҳатто ба сарам дод зада «Бисёр пат-пат накун, ки ҳозир сарта зада майда мекунум» гӯён, дарро пӯшиду рафт. Гап дар 5 сомонӣ нест, вале ин ронандаи фиребгар шояд имрӯзҳо садҳо нафар ман барин корафтодагонро фиреб медиҳад. Наход касе набошад, ки таноби чунин ронандаҳои мардумфиребро кашад?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД