Sebiston new 2024 october
Фиребхӯрда (Қисми 2)
3705

 

Арӯси миллионер

Садбарг шояд аз ҳисоби ман пули калон кор карда буд, ки бо табъи болида аз дар даромада маро хеле меҳрубонӣ кард ва гуфт, ки метавонам то бегоҳ дам гирам. Вай дигар маро азоб намедиҳад. Оҳи сабук кашидам. Бегоҳ боз ҳамон «клиент» меҳмони мо гашт ва боз маро интихоб намуд. Сиёвуш сарватманд бошад ҳам, марди хоксору меҳрубоне буд. Мо он шабро дар оғӯши ҳамдигар бо лутфу меҳрубонӣ саҳар кардем. Субҳ Сиёвуш маро рӯйи роҳаткурсӣ нишонда мӯйҳоямро силакунон гуфт:

-Ҳеҷ гоҳ гумон надоштам, ки нисфи дунёро гашта, оқибат арӯсамро тасодуфан аз чунин макон меёбам. Дар ҳаётам занҳои зиёде буданд, вале ягонтоашонро дӯст дошта натавонистам. Духтарҳо барои ман танҳо бозичаи якшаба буданд, вале ту дунёи маро тагорӯ кардӣ. Ситора, ман бо як нигоҳ ба ту дил бастам. Агар розӣ шавӣ туро ба занӣ мегирам. Аввал гумон кардам, ки вай маро масхара мекунад, вале нигоҳи саршори меҳрашро дида дарёфтам, ки Сиёвуш ҷиддӣ бо ман издивоҷ карданист.

-Садбарги беинсоф шаҳодатномаи маро пинҳон кардааст, -гуфтам бо алам сар ба китфаш ниҳода.

-Ғам нахӯр, ман ҳозир ин масъаларо ҳал мекунам,- гӯён Сиёвуш аз дар баромаду пас аз лаҳзае ҳамроҳи Садбарг ба хона даромад.

-Хез духтарам, бахтат омад кард, либосҳоятро ҷамъ кун, туро оғои Сиёвуш аз ин ҷо мебаранд,-гӯён Садбарг шиносномаамро ба дастам дод. Сиёвуш як даста долларо наздаш партофту дасти маро гирифта аз дар баромад. Дар берун моро дастаи хизматгорон ва мошини гаронбаҳое интизор буд…

Бозгашт ба Ватан

Ман тозон либосҳоямро ҷамъ намуда, шаҳодатномаамро ба Сиёвуш гирифта додам. Мо бо ҳам издивоҷ намудем ва зиндагии ширину осударо оғоз намудем. Рӯз аз рз зиндагии ману Сийвуш хуш мегузашт. Ман ӯро дӯст доштам. Ӯ маро дар 8 моҳагӣ тӯямон ба Душанбе фиристод. Бисёр мехост фарзанддор шавем.

Хуллас мо аз ширинии ҳаёт бенасиб мондем, яъне дар вақти таваллуд духтарчаамро бадбахтона аз даст додам. Ба хотире, ки аз шавҳарам ҷудо нашавам духтареро ба фарзанди гирифтам. Бо модарам ҳамаи саргузаштамро нақл карда будам, ки бо фиребу найранги он зани Худозада ба инҳол афтидам. Бечора модарам чикор карда метавонист ба ғайр аз оби дида рехтан.

Бо Сиёвуш телефони дар тамос шуда аз духтарчадор шуданаш барик намудам. Ӯ хурсанд шуда маро наздаш хонд. Чиптаи ҳавопаймо дар даст бо модараму хоҳарам хайрухуш намуда ба парвоз баромадам. Шавҳарам дар фурудгоҳ маро интизор буд. Мо хушу хурсанд ба хонаи иҷораамон рафта расидем.

Шавҳарам духтарчаамонро дӯст медошт. Хар рӯз баъди кораш духтараамонро ба берун тамошо мебаровард. Ман метарсидам, ки ягон рӯз аз фиреб додани шавҳарам сирам ошкор мегардаду ӯ маро мепартояд.

Як рӯзи зимистони сард шавҳарам Сабинаамро гирифта ба берун баромад. То бегоҳи рӯзи онҳоро интизор шудам, ҳамонрӯз Сиёвуш дер ба хона омаду кӯдакро ба рӯям партофту ҷангу ҷанҷол намуд.

Ҳарчанд мефаҳмонидам, ӯ гапамро гӯш накарда ту маккора духтари ким кадом мардро ба ман оварда ин духтарчаат мегӯӣ. Бо гиряву зорӣ ба пеши пояш афтида Сиёвуш зиндагиамонро талх нагардон, аммо ӯ то имрӯз шубҳа пайдо намуда, оқибат духтарчаамро аз назорати духтур гузаронида ҳамон рӯз чиптаамро харид ба Душанбе равон кард талоқамро дод.

Ман духтарчаам дар даст ба хонаи модарам омадам. Дигар пушаймони бароям фоида надошт. Дар боғчае ба кор даромадам, духтарчаам имрӯз 4-сола асту аз барам лаҳзае дур намекунам.

Ҳамроҳи модараму хоҳарам зиндагии хуш дорем, фикр мекунам дигар сарнавиштамро баёд наоварда, ҳаёти ширини худро кулан тағйир додан мехоҳам.


Фарзандамро бо банд ба танам маҳкам мебандаму худамро бо духтарчаам якҷоя ба дарёи Душанбе мепартоям”-мегӯяд Оиша Иброҳимоваи 28-сола.

 


Дар охири саргузаштам аз ҳамаи духтарон хоҳиш менамоям, ки ба ҳар касу нокас бовар накунанду мисли мани содда ба домашон афтида, дар мулки ғурбат хору зор нашаванд.  Боқи тансиҳату хотирҷамъ бимонед.

Бо эҳтиром Ситора 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД