Sebiston new 2024 october
ТАҚДИРҶУНБОН
4970

 

Шараф ном дораму дар деҳа ба воя расидаам. Соли 1998 баъди хатми мактаби миёна дар яке аз донишгоҳҳои пойтахт тариқи квотаи Президентӣ дохил шудам. Ҳушу гӯшам ба хондан банд буд. Дарсҳоямро бо як духтараки бадахшонӣ тайёр мекардам. Якҷоя ба китобхонаву ошхона мерафтем.

Баъди хатми курси якум ба деҳа баргашта, таътилро дар хона гузаронидам. Эҳсос мекардам, ки дар ин ҷо ба ман чизе намерасад. Ҳарчанд кӯшиш мекардам худро дар назди волидонам хуб нишон диҳам, аммо инро аз чашми падару модарам пинҳон карда натавонистам. Аз рафтори ман чизеро пайхас намуданд.

Рӯзе модарам насиҳатам карда гуфт:

- Писарам, боз ба ягон сабукпой дил набандию хонданатро напартоӣ. Дар деҳа моро шарманда накун ва гузор, ки сарамонро бардошта тавонем. Фалон одам писарашро донишҷӯ карду ӯ аз қафои ким - киҳо давида, хонданашро партофт гуфта бо ангушти ишоратӣ нишонамон надиҳанд ҳаққу ҳамсояҳо. Илтимос, писарҷон!

Ҳамон вақт дарк кардам, ки ба ҳамсабақам Сулҳияи зодаи Бадахшон дил бохтаам. Аммо афсӯс, ки инро дертар фаҳмидам. Баъди ин шабу рӯз дар бораи ӯ фикр мекардам. Месӯхтаму месохтаму мебохтаму метохтам. Дигар тоқат накарда, пеш аз саршавии дарсҳоям волидонамро фиреб дода барои дидани дӯстдоштаам ба Душанбе рафтам. Медонистам, ки вай миёнаҳои моҳи август ба пойтахт меояд.

Вақте ба Душанбе омадам, ашёҳои аз деҳа бо худ гирифтаамро дар хонаи бародарам гузошта, рост ба хонаи иҷораи онҳо рафтам. Сулҳияро дар хонаашон танҳо пайдо кардам. Ӯ маро ба хона таклиф кард. Нишаста, хеле суҳбат кардем. Дигар тоқат накардаму асрори дар дил доштаамро барояш кушодам. Духтарак маро бодиққат гӯш карду “баъдтар ҷавобашро мегӯям” гуфта рафт.

Ҷавоби арзи ишқ

Шом телефони хона занг зад. Вақте гӯширо бардоштам, аз он тараф овози Сулҳияам баланд шуд. Ростӣ, ҳаяҷонзада будам, ки ӯ чӣ мегуфта бошад. Аҳволпурсӣ карду хеле аз ину он гуфтем ва баъд “ман ба пешниҳоди ту розӣ, аммо хоҳиш, ки маро фиреб надеҳ” гуфту телефонро хомӯш кард. Баргашта занг задам, аммо ба ҷуз гуд – гуд чизе нашунидам.

Давоми 3 сол бо якдигар муносибат доштем. Қариб ҳар рӯз баъд аз дарс дар кӯчаҳои шаҳр даст ба дасти ҳам гузошта, сайру гашт мекардем. Парвозкунон дар олами рангини рӯёҳо ва дунёи маҷозии хаёлот ҳатто тасаввур намекардем, ки рӯзе ин шодӣ ҷомаи ғам мепӯшаду фараҳи қалби кӯчаки мо ба мотамкадаи бузург табдил меёбад.

Пешомади нохуш

Ба курси 4 гузаштем. Як рӯз ӯ баъди соати сеюми дарсӣ омада, дар наздам нишасту “Шараф, вазъияти зиндагиамон хуб нест. Як ҳафта мешавад, ки дар гурезогурезем” гуфт. Ҳайрон шуда, сабабашро пурсидам. “Бародарам аз як нафар пули калон қарздор аст. Қарздиҳанда пулашро тлаб дорад. Хонаводаам маро ё ба Русия ба назди апаат мефиристанд ё ба Рӯшон ба назди модарам, чунки ин ҷо бароям хатарнок аст” гуфт.

Фаҳмидан хостам, ки дарсҳояш чӣ мешаванд, чун имсол мо хатмкунанда будем ва муҳлати анҷоми машғулиятҳоямон ҳам қариб ба анҷом расида буданд. “Вақте пули қарзро додем, омада хонданамро давом медиҳам” гуфт ӯ. Аввал ба ин кораш зид баромадам ва гуфтам, ки “ман туро ба никоҳам медарораму ба ҳеҷ куҷо рафтан намемонам” ва фардои он рӯз ба деҳа ба назди волидонам омада, вазъиятро фаҳмонидам. Умедвор будам, ки падарам ҳатман хушбахтии маро мехоҳанд ва дар амалисозии нақшаҳоям кӯмакам мекунанд, вале ...

Падарам гуфт, ки ин фикрро аз сарам дур кунам. “То хонданро тамом накунӣ ба ту зан нест. Ба замми ин ҳоло ду бародари калонат зан надоранд. Ҳақу ҳамсоя, хешу табор чӣ мегӯянд?” - гуфта, мағал бардошт. Модарам ҳам шавҳарашро тарафгирӣ намуда, ба ҳуҷум гузашт. ”Оҳ ҳарду бари рӯямм сиёҳ. Ман бо ҳазор орзую ҳавас писар калон мекунаму ӯ бошад аз ким - куҷо ва ҳатто бе тӯй ба хонаи ман зан меорад. Хобатро ба об гӯй, бача! Ман туро маҳз аз ҳамин деҳа зан медиҳам. Барои ҳамин, ҳеҷ касро боумед накун, ки шири додаамро намебахшамат”. Ночор ва зору ҳайрон ба хонаи хобам рафтам. То саҳар чашмонамро пӯшида натавонистаму дурудароз андешидам.

Субҳи барвақт боз ба Душанбе баргаштам. Вақте Сулҳияро дидам, чашмонамро аз нигоҳаш гурезонида, чанд соат пинҳон шудам. Ниҳоят ӯ худаш ба наздам омаду “волидонат чӣ гуфтанд?” – гуфта, пурсид. Ман ҷавоб дода натавонистаму хомӯш мондам ва ӯ худаш “медонистам” – гӯён ашкрезон рафт.

Васли бофироқ

Рӯз то рӯз зиндагии онҳо мушкилтар мешуд. Ҳамаашон мудом аз рӯи қарзи бародар дар гурез буданд. Дар ин вақт ман дар як ҷои нағз ба кор даромадам. Маошамро гирифтаму омада Сулҳияро ба фурӯдгоҳ бурдам ва барои рейси саҳар ба воситаи шиносҳоям чипта пайдо кардаму ӯро ба Москва, ба назди апааш фиристодам. Дар вақти гусел таъкидаш кардам, ки интизор бош, ман ҳатман баъди хатми донишгоҳ ба наздат меоям.

Баъди рафтанаш ттанҳо як маротиба зангам заду “ман ба воситаи бонк пулатро фиристодам” гуфт. Вақте “ кадом пул?” гуфта, пурсидам. “пуле, ки барои ман чипта харида будӣ. Ҳамонро фиристодамат. Рамзро гиру рафта, амонататро дастрас кун” гуфт ва гӯширо гузошт. Баъди ин дигар занг назад.

Ду моҳ пас як дугонааш ба наздам омаду гуфт, ки имрӯз дар яке аз тарабхонаҳои Москва тӯи хонадоршавии Сулҳия аст. Вақте кӣ будани хабаррасонро пурсидам, “худаш ба ман имшаб занг зада гуфт ва хоҳиш кард, ки ин хабарро ба ту расонам” гӯён, ҷавоб дод. Худамро гум кардам. Намедонистам, ки дигар чӣ кор кунам. Танҳо ба номи ишқу ба суроғаи Лайливу Маҷнун лаънат мефиристодам. Фикр мекарда, ки агар дар вақташ Лайлиро ба Маҷнун медоданд, имрӯз ишқ ин қадар хор намешуд. 

 

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД