Аз даврони пурнишоти мактабхонӣ 15 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол устодону ҳамсинфонамро як лаҳза аз ёд бурда наметавонам. Махсусан дугонаи беҳтаринам Муҳаббатро ба хотир оварда, дилам гум мезанад.
Тамоми он солҳоро ману Муҳаббат дар паси як миз гузаронидем. Дар танаффусҳо якҷоя берун мебаромадем. Ним пора нон, чанд дона қанду мавизро аз сумкаҳо бароварда бо ҳам мехӯрдем. Бовар кунед, пораи нону қанди печак чунон дар даҳонамон мазза медод, ки ногуфтанӣ...
Чанде пеш ба хонаи падарӣ меҳмон шуда аз ҷиянам фаҳмидам, ки Муҳаббат дар мактаби деҳа муаллима шуда кор мекардааст. Муҳаббати нозанинро бо ду писарчаи гул барин хушрӯяш шавҳари беинсофаш аз хона пеш карда, зани нав гирифта будааст.
Фурсати тангу роҳи дур даст надод, ки рафта аз ҳоли ӯ хабар бигирам. Ба ёдам гапи раҳматии модарам омад, ки мегуфт, ҳамсинфҳо мисли шаддаи марвориданд, пош ки хӯрданд ба ҳам оварданашон амри маҳол мешавад.
Аз минбари Оилаи азиз ба Муҳаббати меҳрубон ва тамоми ҳамсинфонам сиҳативу хушбахтӣ мехоҳам.
Сарвиноз аз ноҳияи Темурмалик