Дар зиндагӣ рӯзе мерасад, ки дил ба касе мебандӣ, бидуни он ки бидонӣ, фардо туро чӣ интизор аст. Аз замони шиносоӣ то калимаи “хайр” ҳамааш мисли хоби ширине гузашт.
Ман - як зани содда, бо қалби пурмуҳаббат, бо ишқи поку беғараз, ба шахсе дил бастам, вале дертар фаҳмидам на ҳама чизро бо муҳаббат метавон нигоҳ дошт.
Ӯро ном Сорбон буд, вале барои ман ин натанҳо як ном, балки як олами эҳсос буд, аммо дертар фаҳмидам, ки он олами эҳсос барои вай танҳо як гузаргоҳе будааст, на манзил. Ман бошам, орзуи бунёди як манзили ҳамешагӣ доштам бо ӯ. Ба мисли Лайлӣ, ки бо тамоми ҳастӣ ошиқи шайдои Маҷнун буд, зиндагиро ҳар рӯз бо як “Салом”-и ӯ оғоз мекардам ва бо ҳар “Хомӯшӣ”-аш мешикастам.
Албатта инсон бе хато нест ва ман низ хатое кардам. Ба шахсе смс фиристодам, ки дӯсташ будааст. Ҳар чӣ шуд, аз аввал ҳамаро гуфтам. Як ҳарфи дурӯғ низ барояш нагуфтам, вале бо як хатои кӯчак тамоми зиндагиам такорӯ шуд. Ӯ хатои маро бахшида натавонист!
Аммо ман то имрӯз ҳам на интизори ҷавоб, балки “фаҳмидан” ҳастам.
Имрӯз, ки ӯ рафтааст ва хомӯшӣ паноҳгоҳаш гаштааст, ман дигар ӯро на ба ишқ, балки ба Худо супоридам. Худованде, ки нолаҳои зори дили шикастаамро мебинад ва мешунавад. Дили ғамзадае, ки ҳанӯз умедвор аст.
Ҳар ишқе, ки бо ростӣ оғоз мешавад, ҳатман дар тақдир ҷойе хоҳад дошт. Агар на бо ӯ, пас бо он дарсҳое, ки омӯхтем. Ман - “Принсесса М/С” - дигар намегирям, дигар намепурсам. Танҳо лаҳзаҳои хотирамон дар ёдам, дар хотиротам, дар дилам зинда монд.
Принсесса М/С