Formula novemver 2024
Тақдири талх қисми 1
17.01.2023
Дилошӯб
2299

 

Сафаргулу Маҷидбек бо ризояти волидайн ва дуои пирони авлодашон хонадор шуда бошанд ҳам, Худованд ниҳоли қомати арӯсаки нозанинро боровар намекард. Волидайни ҷуфти ҷавон худро ба дари муллову табиб зада, сабаби бефарзандии фарзандонашонро ҷустуҷӯ мекарданд.

Хоса модари Маҷидбек, холаи Мунаввар ба чеҳраи маҳзуни келину писараш, ки якдигарро хеле дӯст медоштанд, нигариста, ҷигараш хун мешуд. Даҳ соли расо бо ташвишу оби чашм, зорию илтиҷо назди табибон сипарӣ гашт. Сафаргулу Маҷибек низ ба тақдири хеш тан дода, ба қароре омаданд, ки аз ҳам ҷудо шаванд…

- Сафаргул, ман туро аз ҷони ширинам ҳам зиёдтар дӯст медорам, ба хотири ту тайёрам умрамро бефарзанд гузаронам, аммо ба бахти ту зомин шуданӣ нестам, шояд аз ман ҷудо шуда, доманат сабз гардад,- гуфт шабе Маҷидбек.

Сафаргул низ худро ба оғӯши шавҳар афканда, зор-зор гиристу “тақдир ҳамин будааст” гӯён, розӣ шуд. Зану шавҳар қарор доданд, ки субҳ қарорашонро назди волидон мегӯянд. Он шаб моргазидаро хоб мебурду ду нафарро не. Маҷидбек чашму абрӯи ҳамсари нозанинашро бӯсида, гиряҳои зори ӯро дида, оби чашмашро дошта наметавонист.

Сафаргул дар дил аз Худо илтиҷо мекард, ки субҳ нашавад, зеро ӯ намехост хонаи бахташро тарк гӯяд. Субҳ медамиду Сафаргулу Маҷидбекро нав ғанаб бурда буд, ки садои кӯфтани дарвоза онҳоро аз хоб бедор кард…

                           Шумхабар

Маҷидбек аз ҷояш парида хесту ҷомаашро ба китф партофта, берун рафтаву дарвозаро кушод. Пушти дар амаки хурдияш Наҷот бо ранги канда меистод:

- Акаам канӣ, модарам бемор шудаанду он касро суроғ доранд,- ҳаросон гуфт амакаш.

Ин суханони амакашро падару модар ва Сафаргул, ки назди онҳо ҳозир шуда буданд, шунида, зуд ҳамроҳи Наҷот ба поёни деҳа, ба хонаи бобоии Маҷидбек, ки модаркалонаш бо оилаи амаки хурдияш он ҷо мезистанд, равон шуданд.

Капири Моҳсират, ки навад сол дошт, беҳолу бемадор рӯи бистар мехобид. Духтурзани ҳамсоя “фишорашон баланд” гуфта, ба вай дорӯ хӯронданӣ буд, аммо кампири якрав доруро ба даҳон намебурд. Ин ҳолати кампирро дида, Сафаргул даррав ба хона баргашта, чанд дона лиму бо худ гирифту барои хушдоманкалонаш нӯшобаи лимугин тайёр кард. Кампир нӯшобаро аз дасти келинаш гирифта нӯшиду каме ором шуд.

Ҳамин тавр, Сафаргул бо кампири бемор монд. Тӯли ду моҳи бемории хушдоманкалон, Сафаргул шабу рӯз дар хизмати ӯ буд, баъзе шабҳо кампир зӯран Маҷидбекро маҷбур мекард, то занашро ба хонааш барад. Пас аз ду моҳ кампири Моҳсират оламро падруд гуфт ва пеш аз марг Сафаргулро наздаш шинонида, дуояш дод, ки “худованд саратро сабз кунад”. Аз ин дуои кампир дили зардоби ҷавонзан таконе хурду шӯхиомез гуфт:

- Момаҷон, агар ҳамин сари сахти ман сабз шавад, пас умед ҳаст, ки калтути сӯхтаи лаби ҷари деҳа низ сабз хоҳад шуд.

Кампир кокулони дарози марғуладори келинашро миёни панҷаҳои ногирои шахшулаш гирифта, навозишомез илова кард:

- Худованд муъҷизаҳо дорад, духтарам… танҳо шайтон ноумед аст…

                       Самараи дуо

Дар давутози маъракаҳои кампир Маҷидбеку Сафаргул аҳди ҷудоияшонро фаромӯш карданд ва пас аз ду моҳи марги хушдоманкалон бошад, дуои ӯ мустаҷоб гашт ва дар қади ҷавонзан кӯдак пайдо шуд. Хурсандии атрофиён интиҳо надошт. Маҷидбеку Сафаргул худро хушбахт эҳсос мекарданд ва чун духтарчаи нозанине ба дунё омад, ӯро Шукрона ном ниҳоданд. Шукронаи зебояк хушпаиқадам баромад ва пас аз ӯ модараш боз чор писар таваллуд кард.

Сафаргул сабз шудани ниҳоли қоматашро аввал раҳми Худои мутаол ва баъд аз самараи дуои хушдоманкалони меҳрубонаш медонист ва фарзандонашро дар руҳияи иноснгароӣ тарбия менамуд. Фарзандонаш яке пайи дигар қад кашида, ба воя мерасиданду даргоҳи падарро ба тӯйхона мубаддал карда буданд. Шукронаи дӯстдори волидон мактабро хатм карда, ба коллеҷи тиббӣ дохил шуд. Азбаски соҳибҷамолу башарм буд, хостгорони зиёде дошт. Вале мақсад дошт, ки танҳо баъди соҳибҳунар гаштан оиладор мешавад…

                        Арӯси таърифӣ

Пас аз хатми коллеҷ Шукрона дар беморхонаи маркази ноҳияашон ба ҳайси ҳамшираи шафқат ба кор шуруъ кард. Акнун аҳли хонадон аз дасти хостгорон рӯз надоштанд, вале амаки Маҷидбек хостгорони сардухтури ноҳияро, ки аз рӯзи аввали дидани Шукрона азми келин кардани ӯро карда буд, пазируфт. Писари духтур Донишгоҳи тиҷоратро хатм карда, дар бонки ноҳия кор мекард. Аслиддин ҷавони зебо, боақл ва мадание буд ва волидон шукр мегуфтанд, ки барои Шукронаи азизашон домоди хубе ёфтаанд. Тӯйи ҷавонон бо як шукуҳу шаҳомати хосае баргузор гашт. Шукрона аз рӯзи аввали ба хонаи бахташ қадам мондан дар дили аҳли хонадон ҷо гирифт. Духтари ҳунарманд ғайри кори давлат тамоми кори хонаро ба сомон мерасонду хусуру хушдоман, додаршӯю хоҳаршӯяшро мисли азизони худаш эҳтиром менамуд. Азбаски бо ҷавоне паймони ошиқӣ надошт, Аслиддини азизашро аз ҷону дил дӯст медошт. Хурду калон таърифи арӯсро мекарданд. Шояд чашми бад расид, ки…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД