Марям аз хурдӣ ҳамроҳи модараш ба кори колхоз рафта, рӯзаш дар саҳро шаб мешуд. Оилаи онҳо дар деҳа хеле соҳибэҳтиром ба шумор мерафт, бародаронаш низ мардони ботақвову баномус буданд. Мутаассифона, тақдири Марям тавре сурат гирифт, ки касе интизораш набуд. Боре духтарак ҳангоми 15-сола буданаш мисли ҳарвақта барои кӯмак расонидан ба назди волидонаш меравад. Аҳли оила ба дарави пиёз ба саҳро рафта буданд ва Марям, ки хеле духтари ҷаққон буд, пеш аз ҳама бо дост нӯгҳои пиёзро зада-зада мерафт. Дар ин ҳангом, ба майдони ниҳолҳои ҷорӯби ҳавлирӯбӣ наздик шуда, баногаҳ пешпо хӯрда, ба рӯйи чӯбҳои ғафс меафтад. Аз ҷой бархоста, хост модарашро ба ёрӣ даъват кунад, аммо дар он миён мардҳои бегона низ буданд ва аз шарми он ки хуни байни пойи ӯро ҳама набинанд, ба назди ҷӯйбор рафта, захмҳои худро мешӯяд ва корро идома медиҳад. Ҳамин тавр, дар ин бора ҳатто ба модараш чизе нагуфту баъди ду рӯз захмҳояш дуруст шуданд. Марям ин сирро дар дилаш пинҳон карда, се солро паси сар намуд. Духтари сода хабар надошт, ки баъди афтидан пардаи бакораташ даридааст. Вақте ба синни 18 расид, ӯро бо бачаи тағояш хонадор карданд. Марями фариштарӯву эркаи хонадон аллакай дида буд, ки шаҳбача хеле безебу ба ӯ мувофиқ нест, вале интихоби волидонро рад карда натавонист.
Тӯй ҳам барпо шуд. Марямро таънаи шаби аввал ва шармандагӣ интизор буд. Вақте ки шавҳараш баъд аз қаробат инро дарк намуд, Марям ҳодисаи се сол қабл аз сараш гузаштаро ба ӯ нақл карда, қасам хӯрд, ки то ҳол дасти касе ба домонаш нарасидааси. Бо вуҷуди ин, шавҳараш гуноҳи Марямро дар назди хонаводаашон гуфт. Барои канда нашудани риштаҳои хешу таборӣ Марямро аз хона пеш накарданд. Вале духтари бечора дар шароити сангин зиндагӣ мекард. Дар хонаи шавҳараш аллакай мавқеи худро гум карда, муттаҳам гашта буд. Бо сари хам дар ҳавлии хушдоман қадам мемонд ва бо сари хам сари як дастархон менишаст. 5 сол бо шавҳари ҷоҳил зиндагӣ карда, ба азобу шиканҷаи оилаи онҳо сабр намуд, аммо ҳеҷ кӯдакдор намешуд. Ҳасрати фарзанд ба дарду ғами Марям зам шуда буд. Акнун бояд ба зулми шавҳар ва таънаҳои ӯ тоқат мекард, ӯро хонаводаи шавҳараш безуриёт ном мебурданд. Билохира, тоқати Марям тоқ шуд ва минбаъд ҳар боре мавриди зулму шиканҷа қарор мегирифт, ба хонаи падараш мерафт, вале ба хотири хонавайрон нашудан боз ба ситамхонаи хеш бармегашт. Оқибат рафтори шавҳар ва муносибати хонавода ба хонавайронӣ кашид. Падари Марям дид, ки ҳеҷ ханда дар лабони Марям дида намешавад, бинобар ин, ӯро ба таври ҳамешагӣ аз хонаи шавҳараш гирифта оварду талоқи духтарашро талаб кард. Марям бо ашки шашқатор ба хонаи падару модараш баргашт. Чанде нагузашта, ҳусни расо ва рафтори намунавӣ боис шуд, ки хостгорҳо боз ба суроғи ӯ биёянд. Марде бо номи Саид ӯро хостгорӣ кард, вале шарт гузошт, ки ду фарзанди ӯро ҳамчун фарзанди худ нигоҳубин намояд. Марям боз соҳиби шавҳар ва хонаву дар шуд. Акнун як писар ва як духтари шавҳарашро ҳамчун фарзандони худ меҳрубонӣ мекард. Дар хонаи Саид бо ӯ хуб муносибат мекарданд, аммо дарди бефарзандӣ Марямро афгор карда буд. Аз байн чор сол гузашт, вале Марям кӯдакдор нашуд. Пайваста худро сарзаниш мекард, ки айб дар худаш аст ва аз тақдир гилагузорӣ менамуд.