Салом! Малика ном дорам ва дар ноҳияи Ашт зиндагӣ мекунам. Шавҳарам инсони хуб ва зиндагиамон ҳаматарафа таъмин аст, вале азоби бефарзандӣ маро дарун ба дарун хӯрда истодааст.
Оиладориамонро аллакай 7-8 сол шуд, касоне, ки баробари мо тӯй шуда буданд, аллакай 3-4- тогӣ бача доранд, вале мо то ҳол ба нохуни фарзанд зор ҳастем. Солҳо дар ба дари духтурхонаҳо гашта бошем ҳам, ягон фоида накард. Шунидам, ки табиби халқӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ занҳои безурриётро бо давоҳои алафӣ табобат мекардааст.
Чанд зани шиносам бисёр таъриф карданд, ки дар назди Садриддиншоҳ табобат гирфта, бачадор шудем. Нақлҳои онҳоро шунида, дар дили ман ҳам шӯълаи умед пайдо шуд ва қарор додам, ки бо воситаи ҳафтаномаи “Оила” аз ин табиби машҳур маслиҳат бипурсам.
Малика, аз Ашт.
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Хоҳари азиз! Албатта фарзанд доди Худо аст, вале ҳар як инсон бояд барои давом додани наслаш талош намояд. Шуморо лозим аст, ки ҳамроҳи шавҳаратон дар якҷоягӣ аз ташхис гузаред, то аниқ шавад, ки мушкил дар шумо аст ё дар ҳамсаратон.
Дар аксари мавридҳо айбро ба сари зан бор мекунанд, вале баъди ташхис маълум мешавад, ки айб дар мард будааст. Зан, агар тухмдонҳояш фаъол ва найчаҳои бачадонаш маҳкам набошад, аксаран метавонад ҳомиладор шавад.
Барои ҳамин муҳимтарин коре, ки шумо бояд анҷом диҳед, санҷидани кори тухмдонҳо ва муайян кардани кушода ё маҳкам будани найчаҳои бачадон аст. Ман ба шумо барои фаъолтар шудани кори тухмдонҳо чанд давои халқиро тавсия медиҳам. Агар найчаҳои бачадонатон кушода бошанд ва ягон иллати дигар надошта бошед, боварӣ дорам, ки бо ҳамин давоҳо нахли умратон боровар мегардад.
Нусхаи аввал
Хонумҳое, ки дар орзуи фарзанд ҳастанд, бояд аз гиёҳи раҳдавак мадад ҷуста, бештар аз ҳамин гиёҳ барои худ даво тайёр кунанд. Тарзи омода кардани даво бисёр осон аст. Ҳамагӣ 20 гр. роҳдаваки хушкро дар як литр оби ҷӯш дам карда, дар давоми рӯз мисли чой нӯшидан мегиред. Метавонед ҳамчунин решаи офтобпарастро кӯфта, ба шакли хока дароред ва бо каме равғани думба омехта карда, аз зер бардоред.
Нусхаи дигар
Касе нест, ки дар бораи хусусиятҳои гули ҳамешабаҳор нашунида бошад. Шуморо лозим аст, ки як миқдор гули ҳамешабаҳор, забони гов ва бӯймодарони маҳинбаргро гирифта, омехта кунед ва 5 қошуқ аз ин гиёҳҳои омехта ба зарфе андохта, аз болояш оби ҷӯшидагӣ резед. Даҳони зарфро маҳкам карда, монед як-ду соат истад, баъдан онро полонед ва аз ин гиёҳоб рӯзе 3 маротиба 100 грамӣ бинӯшед. Фаромӯш накунед, ки ба ин гиёҳоб асал андохтан лозим аст.
Нусхаи сеюм
Шабона пеш аз хоб асалро бо орд омехта карда, хамир шӯред ва он хамирро дар тоба гарм карда, дар рӯйи ягон матои пахтагин бигиред. Баъд ба ҷойгаҳи хобатон даромада, хамири гармакро дар қисмати поёни нофатон бандед. Эҳтиёт кунед, ки хамир бисёр сӯзон набошад.